ФУТБОЛ. То оғози бозиҳои даври 27-уми Чемпионати Тоҷикистон ду рӯз монд
ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври 27-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд. Дар ин давр дастаи футболи КМВА-и шаҳри Душанбе дар майдонаш бо дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар меҳмонӣ бо дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе вомехӯранд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чанд рӯз пеш бозиҳои даври 26-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардида буданд. Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе, ки бояд барандаи медалҳои биринҷиро муайян мекард, бо ҳисоби мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Акнун тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври ҷамъбастӣ ҳал мегардад.
Дар бозии дигари даври 26-ум дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати дастаи ғолиб Нуриддин Ҳамроқулов ду гол, Парвиз Боқӣ-Охунов як гол ба нишон расониданд.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба дарвозаи дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ панҷ голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов ду гол, Алишер Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев, Рустам Соиров якголӣ заданд. Дар доираи ин бозӣ ба дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки қабл аз муҳлат ба унвони чемпионӣ расид, Ҷом ва медалҳои тилло тақдим карда шуданд.
Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Бозингари дастаи «Эсхата» Дилшод Каримов ба дарвозаи дастааш гол зада, ҳисобро кушод. Голи дуюми дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро Артём Сердюк ба ҳадаф расонид. Бонкчиҳо тавассути зарбаи нишонраси Иброҳим Эшонхонов як гол ба нишон расониданд.
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ аз дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Бозингари дастаи «Кӯктош» Азизбек Султонов ду гол зад. Мизбонон тавассути зарбаҳои нишонраси Аваз Қамчинов ва Далер Шомуродов ҳисобро баробар карданд, вале 4 дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии бозӣ Амирҷон Сафаров голи пирӯзиовари дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро ба нишон расонид.
| ҶОЙИ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 25 | 20 | 4 | 1 | 76-8 | 64 |
| 2 | «Хуҷанд»(Хуҷанд) | 25 | 17 | 3 | 5 | 52-25 | 54 |
| 3 | КМВА (Душанбе) | 26 | 11 | 8 | 7 | 36-29 | 41 |
| 4 | «Истаравшан»(Истаравшан) | 26 | 11 | 6 | 9 | 28-25 | 39 |
| 5 | «Хатлон»(Бохтар) | 26 | 10 | 6 | 10 | 29-31 | 36 |
| 6 | «Равшан» (Кӯлоб) | 26 | 7 | 8 | 11 | 27-34 | 29 |
| 7 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 26 | 8 | 3 | 15 | 32-49 | 27 |
| 8 | «Файзканд» (Восеъ) | 26 | 7 | 5 | 14 | 18-36 | 26 |
| 9 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 26 | 7 | 5 | 14 | 37-56 | 26 |
| 10 | «Душанбе» (Душанбе) | 26 | 4 | 6 | 16 | 23-65 | 18 |
Бозингарони беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 17 гол, Рустам Соиров («Истиқлол») – 15 гол, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 13 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 12 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Артём Сердюк («Хуҷанд») –бо 11 голӣ.
Даври 27-ум
5 декабр (Якшанбе)
Оғози бозиҳо соати 14:00
«Эсхата» – «Равшан»
КМВА – «Хуҷанд»
«Душанбе» – «Истаравшан»
«Файзканд» – «Хатлон»
«Кӯктош» – «Истиқлол»
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






