ФУТБОЛ. То оғози бозиҳои даври 27-уми Чемпионати Тоҷикистон ду рӯз монд

Декабрь 3, 2021 10:38

ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври  27-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд. Дар ин давр дастаи футболи  КМВА-и шаҳри Душанбе дар майдонаш бо  дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар меҳмонӣ бо дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе вомехӯранд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Чанд рӯз пеш бозиҳои даври 26-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардида буданд. Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  бо  дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе, ки бояд барандаи медалҳои биринҷиро муайян мекард, бо ҳисоби мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Акнун тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври ҷамъбастӣ ҳал мегардад.

Дар бозии дигари даври 26-ум  дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бар дастаи  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати дастаи  ғолиб Нуриддин Ҳамроқулов ду гол, Парвиз Боқӣ-Охунов як гол ба нишон расониданд.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ба дарвозаи дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  панҷ голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов ду гол, Алишер Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев, Рустам Соиров якголӣ заданд. Дар доираи ин бозӣ ба дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки қабл аз муҳлат ба унвони чемпионӣ расид, Ҷом ва медалҳои тилло тақдим карда шуданд.

Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дастаи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби  2:1 шикаст дод. Бозингари  дастаи «Эсхата»  Дилшод Каримов ба дарвозаи дастааш гол зада, ҳисобро кушод. Голи дуюми  дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро Артём Сердюк ба ҳадаф расонид. Бонкчиҳо тавассути зарбаи нишонраси Иброҳим Эшонхонов як гол ба нишон расониданд.

Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  дар майдони худ аз дастаи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Бозингари дастаи «Кӯктош»  Азизбек Султонов ду гол зад. Мизбонон тавассути зарбаҳои нишонраси Аваз Қамчинов ва Далер Шомуродов ҳисобро баробар карданд, вале 4 дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии бозӣ Амирҷон Сафаров голи пирӯзиовари дастаи  футболи «Кӯктош»-и   ноҳияи Рӯдакиро ба нишон расонид.

ҶОЙИ   ДАСТАҲО                                     Б       Ғ       М      Б       Т-Т       Х 
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  25  20  4  1  76-8  64
 2  «Хуҷанд»(Хуҷанд)  25  17  3  5  52-25  54
 3  КМВА (Душанбе)  26  11  8  7  36-29  41
 4  «Истаравшан»(Истаравшан)  26  11  6  9  28-25  39
 5  «Хатлон»(Бохтар)  26  10  6  10  29-31  36
 6  «Равшан» (Кӯлоб)  26  7  8  11  27-34  29
 7  «Эсхата» (Хуҷанд)  26  8  3  15  32-49  27
 8  «Файзканд» (Восеъ)  26  7  5  14  18-36  26
 9  «Кӯктош» (Рӯдакӣ)  26  7  5  14  37-56  26
 10  «Душанбе» (Душанбе)  26  4  6  16  23-65  18

                                               

Бозингарони беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 17 гол, Рустам Соиров («Истиқлол») – 15 гол, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») – 13 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 12 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Артём Сердюк («Хуҷанд») –бо  11 голӣ.

Даври 27-ум

5 декабр  (Якшанбе)

Оғози  бозиҳо  соати  14:00 

«Эсхата» – «Равшан»

КМВА – «Хуҷанд»

«Душанбе» – «Истаравшан»

«Файзканд» – «Хатлон»

«Кӯктош» – «Истиқлол»

                                               АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 3, 2021 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб бо сарпарастии ширкати «Formula55» мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намуди гӯштини миллӣ баргузор гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагии худро ба бозии дӯстона бо Амороти Муттаҳидаи Араб идома медиҳад
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷараёни Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ дар шаҳри Душанбе
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дӯстонаро бо дастаи Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом дод
ФУТБОЛ. Маросими қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум баргузор гардид
ФУТБОЛ. 22 март мунтахаби Тоҷикистон ба Абу-Забӣ меравад
Боксчиёни тоҷик дар мусобиқаи «Шоми Бокс» бар ҳарифони худ аз Узбекистон ғолиб омаданд
Имрӯз дар Душанбе ва ноҳияи Варзоб Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ оғоз меёбад
«РУШДИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ — ОМИЛИ МУҲИМИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ». Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз фестивал доир карда шуд
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Ғолибони Мусобиқаи чоруми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) муайян гардиданд
21 март дар Душанбе ва ноҳияи Варзоб Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ оғоз мегардад
Ширкати «Parimatch» созишномаи сарпарастиро бо дастаи футболи «Хатлон» то охири соли 2025 тамдид намуд