ХАБАРИ ФАРАҲБАХШ! Фалак ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид гардид

Декабрь 16, 2021 08:11

ДУШАНБЕ, 16.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласаи мазкур Тоҷикистонро  котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон (ДАР АКС) намояндагӣ намуд.

Дар ҷаласа ворид намудани унсурҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки кишварҳои узви ЮНЕСКО ба феҳристи мероси башарият пешниҳод намудаанд, баррасӣ гардид. Номинаҳои ҷавобгӯ ба талаботи Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз ҷониби Кумита расман ба феҳрист ворид гардиданд.

«Раиси Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, котиби масъули Шри Ланка оид ба корҳои ЮНЕСКО Пунчи Ниламе Мегасват ворид гардидани номинаи «Фалак»-ро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман эълон намуд», -иттилоъ доданд  дар ВКХ Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки пешниҳоди номинаи мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи панҷ шарту талаботе, ки дар Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО зикр шудааст, қабул гардид.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки   иқдоми мазкур ҷиҳати ҳифз ва оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Фалак – мусиқии суннатии касбии мардуми тоҷик мебошад, ки тӯли асрҳо ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хостаҳои мардумӣ иҷрои вазифа кардааст. Дар суруди «Фалак» асосан дубайтӣ ва ё рубоие интихоб мегардад, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум бошад.

Фалак – маҷмӯи суруд ва навои мардуми тоҷик аст, ки бештар дар навоҳии кӯҳистон маъмул аст. Зеро дар тӯли асрҳо марди кӯҳистонӣ аз мушкилот, нодорӣ, гирудору нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, рӯ ба кӯҳсор овардаву аз таҳти дил фарёд мезад ва ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро ба осмонҳову офаридгори оламу одам ифшо менамуд. Фарёди ӯ дар кӯҳҳо мунъакис гардида, ба фалак мепечид.

Фалак жанри мусиқии қадимаи шифоҳӣ буда, дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод–шогирд» то ба имрӯз расидааст. Фалак аз бахшҳои созию овозӣ иборат аст. Бахши созӣ мусиқии холис буда, овозӣ бо суруд, яъне рубоӣ иҷро карда мешавад. Ҳар кадоме аз ин бахш ду сабки иҷроӣ дорад: фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ.

Аз рӯи анъана фалакро бо ҳамовозии созҳои мусиқии дуторча (думбра), ғижак, най (тутак), сетор ва рубоби бадахшонӣ, бо ҳамсадоии дафу таблак иҷро мекунанд. Зарбҳои фалакӣ бештар панҷ ҳаштяк (5/8), чор чоряк (4/4), ҳафт ҳаштяк (7/8), шаш ҳаштяк (6/8) ва ду чоряк (2/4) мебошанд. Жанри мусиқии фалак ба ғайр аз Тоҷикистон, инчунин дар қисми шимолии Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон маъмул аст.

Аз рӯи анъана матни асосии фалакро рубоӣ ташкил медиҳад, вале дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалҳои баландмазмунро аз адабиёти классикӣ ва шоирони имрӯзаи тоҷик низ истифода менамоянд.

Албатта, замина, таърихи пайдоиш ва таркиби фалак ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои гуногуни мусиқӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ фалакро ба навъҳои даштӣ, роғӣ, дарвозӣ, афғонӣ (бадахшонӣ) ва кӯҳистонӣ ҷудо мекунанд.

Фалак жанри озод буда, ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусиятҳои хоси фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд.

Бояд бигӯем, ки бо заҳмату кӯшишҳои як идда донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ, аз ҷумла,  Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Мусаввар Минаков, Мамадато Таваллоев, Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Моҷон Назардодова, Нусайрӣ Одинаев, Ҳаким Маҳмудов, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманди Хол, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳром, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов  ва дигарон дар асри сипаригашта ва замони мо мусиқии фалак ривоҷу равнақ ёфт ва машҳури олам гардид.

20 июли соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб таҳти сарварии ҳунарманди варзида Давлатманди Хол ансамбли «Фалак» таъсис дода шуд, ки дар рушду нумуи ин мусиқии нодири мардуми тоҷик аҳмияти хеле муҳим дошт ва нақши бориз гузошт.

Дар замони мо низ Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии фалак ғамхории зиёд зоҳир менамоянд. Бо ташаббуси он кас 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд, ки ҳоло дар назди Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007 ҳар сол 10 октябр Рӯзи фалак бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад.

Дар ин рӯз аз ҳар гӯшаю канори кишвар ва ҳатто аз хориҷи он ҳунармандони асили мардумӣ гирд омада, санъату ҳунари волои хешро пешкаши мардум менамоянд.

АКС: ВКХ ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 16, 2021 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд