Хуршед Назаров бо камарбанди чемпионӣ аз Русия ба Ватан баргашт
ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз варзишгари шинохтаи тоҷик Хуршед Назаров баъди дарёфти камарбанди чемпионӣ дар Лигаи АСА Young Eagles 23 ба Ватан баргашт. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе парчамбардори кишварро ҳаводорони зиёди ин риштаи варзиш гарму самимӣ истиқбол гирифтанд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Ҳаводорони зиёди намудҳои муҳорибаҳои омехта дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъ омада, дастоварди варзишгари муваффақи тоҷик Хуршед Назаровро самимона истиқбол намуданд.
Ин варзишгари шинохтаи тоҷик чанде пеш дар рақобати ниҳоии мусобиқаи Лигаи АСА Young Eagles 23 бо намояндаи Ҷумҳурии Чеченистон Асвад Аҳмадов қувва санҷида, бо ҳисоби 5:4 дастболо шуд. Рақобати варзишгарон шоми 25 декабр дар шаҳри Грозний баргузор гардид.
Хотиррасон мешавем, ки ин аввалин камарбанди чемпионии Хуршед Назаров дар Лигаи АСА Young Eagles ба шумор меравад. Ҳоло баъди ин пирӯзӣ шумораи ғалабаҳои варзишгари тоҷик ба 9 адад расид. Ӯ дар фаъолияти варзишиаш боре ҳам шикаст нахӯрдааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад






