Хуршед Зиёӣ ва Давид Бишоп оид ба масъалаҳои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон суҳбат намуданд

Декабрь 16, 2021 09:12

ДУШАНБЕ, 16.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ бо масъули бахши сиёсии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Давид Бишоп мулоқот намуда, робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА-ро мусбат арзёбӣ карда, иброз доштанд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳарду ҷониб мебошад,  хабар доданд аз Маркази тадқиқоти стратегӣ ба АМИТ «Ховар».

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ дар бораи масъалаҳои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон  сухан ронда, моҳияти сиёсати хориҷии «дарҳои боз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дод ва зикр кард, ки Тоҷикистон узви фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ буда, ҷонибдори ҳалли мусолиматомези тамоми масъалаҳои баҳсноки минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мебошад.

Зимни мулоқот мусоҳибон масоили мубрами сиёсию амнияти минтақавию ҷаҳонро  мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.

Масъули бахши сиёсии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Давид Бишоп барои пазироӣ ва мулоқоти самимона изҳори сипос намуда, ба рушди робитаҳои дӯстонаю ҳамкории ИМА ва Тоҷикистон баҳои баланд дода, таҳкиму густариши онҳоро таъкид ва таъйид кард.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар  анҷом ёфт.

АКС: МТС

Декабрь 16, 2021 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд