Иштирокчиёни ҳамоиши ҷумҳуриявӣ аз мавзеъҳои таърихии Восеъ дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар назди Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбуки ноҳияи Восеъ баъди истиқболи меҳмонон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бахшида ба 27-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шукӯҳи хосса оғоз гардид. Дар ҳамоиши идона аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони сохторҳои ҲХДТ аз ВМКБ, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, аъзои фаъоли ҳизб, олимону шоирон иштирок доранд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Иштирокдорони ҳамоиши ҷумҳуриявӣ ба Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук рафта, аз таърихи он маълумот ва таассуроти бештар гирифтанд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳазор сол муқаддам Ҳулбук шаҳри обод буд ва маркази сарзамини Хатлон ҳисоб меёфт. Якум, давраи пайдоиш ва тараққиёти шаҳр ба аҳди Сомониён – ташаккули халқияти тоҷик ва сохти давлатдории он, инкишофи забони адабии тоҷикӣ марбут аст. Аз ин рӯ Ҳулбук ҳамзамони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Синову Абурайҳони Берунӣ, Хоразмиву Форобӣ, Нархашиву Табарӣ ва даҳҳо дигар бузургони илму фарҳанг мебошад.
Дуюм, Ҳулбук аз ҷониби муаррихону сайёҳони давр дар радифи Самарқанду Бухоро, Балху Ғазнин, Марву Тирмиз ва дигар шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳру Хуросон гузошта мешавад. Дар тӯли таърихи дусадсолаи худ Ҳулбук маркази иҷтимоию сиёсӣ, инчунин маркази асосии тиҷорати мардуми кӯҳистони тоҷик буд. Корвонҳои зиёди мамолики Шарқ аз гузаргоҳи Чӯбаки дарёи Панҷ гузашта, вориди Ҳулбук мешуданд.
Сеюм, замоне Ҳулбук ба маркази мадании ноҳияҳои ҷануби шарқи Мовароуннаҳр табдил ёфта буд.
Дар идомаи сафар иштирокчиёни ҳамоиши ҷумҳуриявии ҳизбӣ, ки ба ифтихори 27-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, дар деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ ба “Ҳавзи Қайнар” ташриф оварда, аз табиати афсункори ин мавзеъ дидан намуданд. Ҳамчунин меҳмонон ба ин кӯл, ки таърихи беш аз ҳазорсола дорад, мароқ зоҳир карда, маълумоти муфассал гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 4 октябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳавзи Қайнар»-ро ифтитоҳ карданд. Дар ҳудуди мавзеъ дарахтони ороишии маҳаллӣ ва аз хориҷ воридшуда, аз қабили арча, магнолия, клён, каштан, сирен ва дигар навъу намуди дарахтони сояафкан шинонида шуда, замини он майсазор карда шудааст. Ҳамзамон ба таври таҷрибавӣ парвариши моҳӣ ба роҳ монда шудааст. Парандаҳои нодир рангорангии табиати ин мавзеъро таъмин ва хотири сайёҳонро болида мегардонанд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз рӯи маълумоти таърихӣ ва ҳафриёти бостоншиносӣ, таҳқиқу пажуҳиш дар ин мавзеъ аз соли 1960 оғоз гардида буд ва нишонаҳои таърихии он тавассути тасвирҳо пешниҳод шудаанд. Нигораҳои аз чуқурии 1,5 то 6 метр ёфтшуда ба давраи Сомониён, Кӯшониён ва Юнону Бохтариён тааллуқ доштани ин мавзеъро собит мекунанд. Тибқи иттилои сарчашмаҳо, «Ҳавзи Қайнар» манбаи асосии таъмини оби нӯшокии шаҳри Ҳулбук ба ҳисоб рафта, оби нӯшокӣ аз ин ҷо то шаҳри Ҳулбук тавассути қубурҳои сафолин бурда мешудаст.
Мавқеи ҷуғрофӣ ва санъати волои шаҳрсозии ниёгон дар мисоли Қайнар бори дигар миллати тамаддунофар будани тоҷиконро собит мекунад. Роҳравҳои ҳудуди мавзеи таърихӣ ба андозаи 4580 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, дар ду шафати роҳ гулҳои мавсимӣ ва доимӣ шинонида шудаанд. Барои равшаннамоӣ 53 сутунпоя насб гардидааст. Ҳамзамон дар шафати мавзеи таърихии «Ҳавзи Қайнар» чойхонаи замонавӣ бунёд гардидааст, ки сокинони деҳа пайваста метавонанд аз он истифода баранд.
Хотиррасон мешавем, ки дар доираи ҳамоиш, ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад, ҳайати меҳмонону иштирокчиён аз мавзеъҳои зебои таърихиву сайёҳӣ ва якчанд иншооти навбунёди шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалики вилояти Хатлон боздид мекунанд.
Дар рӯзи дуюми ҳамоиш дар ноҳияи Темурмалик Конференсияи ҷумҳуриявии «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» баргузор мегардад. Дар ҳошияи он барномаи фарҳангӣ пешниҳоди меҳмонон гардонида мешавад.
АКСҲО: КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон













Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард






