ИЗҲОРОТИ Маркази матбуоти Прокуратураи ҶТ дар ВМКБ
ДУШАНБЕ, 15.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 13-уми декабри соли ҷорӣ вохӯрии Вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Саймумин Ятимов ва бо супориши Прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон, Прокурори ВМКБ Орифзода П. бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Прокуратураи ВМКБ хабар доданд.
Дар рафти вохӯрӣ ахбороти Прокурори вилоят дар бораи пешбурди ҳаракатҳои тафтишотӣ вобаста ба амалҳои ҷиноятӣ ва ғайриқонунии содиршуда зимни ҳодисаҳои 25-28-уми ноябри соли ҷорӣ, ташхисоти анҷомёфтаи судӣ, ҳамкориҳо байни аъзоёни гурӯҳи тафтишотӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ батафсил шунида шуд.
Сипас, Вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Р.Ҳ. ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Ятимов С.С. баромад карда, ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинони шаҳри Хоруғ барои кумакашон баҳри ба эътидол овардани вазъият изҳори сипос намуда, андешаю пешниҳодҳои худро дар масъалаҳои вобаста ба таъмини волоияти қонун, роҳҳои қонунии ҳалли мушкилоти ҷойдошта изҳор доштанд.
Аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳуқуқшиносон Холиқназаров Манучеҳр ва Муборакшоён Музаффар баромад карда, оид ба рафти корҳои тафтишотӣ қаноатмандии худро баён намуданд ва ҳамзамон, ба баъзе саволҳои додаи худ аз иштирокчиён ва гурӯҳи тафтишотӣ посух гирифтанд.
Дар рафти вохӯрӣ бори дигар таъкид гардид, нисбат ба ашхоси муддати дароз дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта, ки новобаста аз пешниҳоди даъватнома ба назди мақомоти тафтишотӣ ҳозир намегарданд, тибқи қонун чораҳои ба тарзи маҷбурӣ таъмин кардан барои тафтишот татбиқ карда хоҳанд шуд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ ба мувофиқа расиданд, ки раванди ҳаракатҳои тафтишотӣ тибқи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ идома дода мешавад.








Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст






