Иззатулло Саидзода ва Сиобхан Маллалли доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон суҳбат намуданд
ДУШАНБЕ, 14.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода бо Гузоришгари вижаи СММ оид ба масъалаҳои савдои одамон, махсусан занон ва кӯдакон хонум Сиобхан Маллалли вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин бора аз шуъбаи иттилотии ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ табодули афкор сурат гирифт.
АКС: Аз шуъбаи иттилотии ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






