Криста Пикат нақши Тоҷикистонро дар пешбурди масъалаҳои экологии фаромарзӣ муҳим шуморид
ДУШАНБЕ,06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи омодасозии пешниҳоди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон барои шомил шудан ба феҳристи мероси ҷаҳонии табиӣ ва шабакаи ҷаҳонии мамнӯъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо мудири минтақавии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Алмаато хонум Криста Пикат дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ доданд аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».
Мусоҳибон дар идомаи мулоқот ҳамзамон масъалаҳои марбут ба ширкат ва ҷонибдории ЮНЕСКО дар таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон шудани соли 2025-ро Соли ҳифзи пиряхҳо баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ хонум Криста Пикат нақши Тоҷикистонро дар минтақа ва дар пешбурди масъалаҳои экологии фаромарзӣ муҳим арзёбӣ намуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






