Кумакҳои Пешвои миллат ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб расонида шуданд

Декабрь 29, 2021 08:45

ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии мамлакат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  расонида шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Кумакҳои мазкурро муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод ва дигар шахсони масъул  тақдим намуданд. Кумакҳо  аз сарулибос, шириниҳои солинавӣ иборат буда, инчунин барои 125 нафар тарбиятгирандагон дастархони идона ороста шуд.

Ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти мамлакат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат пайваста ба шахсони яккаву танҳо ва табақаи эҳтиёҷманди мамлакат ғамхорӣ намуда, онҳоро дастгирӣ менамоянд, ки ин яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад.

 АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Декабрь 29, 2021 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд