Миҷгона Самадова ба марҳилаи нимниҳоии Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Нижневартовскии Федератсияи Русия Ҷоми 18-уми ҷаҳон оид ба бокс миёни мардону занони аз 19 то 40-сола ба хотираи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Фармон Салмонов идома дорад. Рӯзи дуюми рақобатҳо дар доираи Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс ба анҷом расид. Дар ин рӯз бонувон дар 3 категория ва мардон дар шаш вазн миёни ҳам қувва санҷиданд. Дар натиҷа варзишгарбонуи кишвар Миҷгона Самадова тавонист ба марҳилаи нимниҳоии мусобиқот роҳхат ёбад, хабар доданд аз Федератсияи бокси Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Миҷгона Самадова, ки дар даври аввали Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс бар вазишгари Муғулистон Мичидма Эрденедалай пирӯз шуда буд, дар марҳилаи ¼-ниҳоӣ бо намояндаи Лаҳистон Серафин Моника сабқат намуд. Дар ин вохӯрӣ ҳам Миҷгона Самадова бар ҳарифаш дастболо шуд. Ӯ то анҷоми вақт тавонист сӯи ҳариф зарбаҳои зиёди мустақим равон кунад. Дар натиҷа доварон ғалабаро ба муштзани тоҷик доданд.
Миҷгона Самадова дар даври нимниҳоӣ бо намояндаи Русия қувва месанҷад.
Дар рӯзи дуюми мусобиқот варзишгарони дигари тоҷик Шоира Зулқайнарова ва Сулаймон Нодиров низ ба ринг баромаданд, вале аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.
АКС аз манбаъҳои боз








ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд






