МИЁНИ 17 НАФАР ОЛИМОНИ МАЪРУФИ ҶАҲОН. Президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ узви ҳақиқии Академияи миллии илмҳои Беларус интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 17 декабр, муҳаққиқони маъруфи ҷаҳон ба ҳайати Академияи миллии илмҳои Беларус (АМИБ) интихоб шуданд. Дар байни онҳо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), академик Фарҳод Раҳимӣ низ мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии давлатии Беларус «БелТА».
Бино ба иттилои «БелТА», қарор дар ин бора дар натиҷаи овоздиҳии кушода дар ҷаласаи маҷлиси умумии маркази миллии илмӣ, ки дар он тақрибан 300 нафар намояндагони илмҳои академӣ ва соҳавӣ, мансабдорони баландпоя, намояндагони сохторҳои давлатӣ ширкат мекунанд, қабул карда шуд.
Дар миёни аъзои хориҷӣ президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ, академики Академияи илмҳои Русия (АИР) Сергей Глазйев, ноиби президенти АИР Ирина Донник ва узви вобастаи АИР Михаил Ковалчук ба ҳайати АМИБ интихоб шуданд. Миёни аъзои нави АМИБ олими британиягӣ Абердей Данди, президенти Федератсияи ҷаҳонии BioDiscovery Николай Желев ва президенти Академияи миллии илмҳои Қазоқистон Мурат Журинов мебошанд. Дар байни олимони хориҷӣ раиси автономияи федералии миллӣ-фарҳангии белорусҳои Русия, академики Академияи маорифи Русия Сергей Кандибович низ шомил аст.
Инчунин дар рӯйхати олимони интихобшуда ба ҳайси аъзои ҳақиқии АМИБ академик-котиби Шӯъбаи нанотехнология ва технологияҳои иттилоотии АИР, директори генералии ҶС «НИИМЭ», раиси Шӯрои директорони ҶСҶ «Микрон» Геннадий Красников, президенти Ассотсиатсияи биотехнологии Аврупоӣ (Туркия) Мунис Дундар, аъзои Президиуми АМИ Украина Антон Наумоветс, раиси бахши сибирии АИР — ноиби президенти АИР Валентин Пармон ва ноиби президенти АИР Владимир Чехонин мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






