Миёни академияҳои ВКД Тоҷикистон, Узбекистон ва Беларус ҳамкорӣ тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо роҳбари Академияи ВКД Ҷумҳурии Узбекистон, полковники милитсия Рустам Ҳотамов ва сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус, генерал-майори милитсия Александр Василев доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни вохӯрӣ иброз намуд, ки тайи солҳои охир равобиту ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳампешагони хориҷӣ тақвият ёфта истодааст.
Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки ҷумҳуриҳои мо чӣ дар сатҳи олӣ ва чӣ миёни роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилӣ муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстона доранд. Дар ин замина бояд дигар сохторҳо, хусусан академияҳо заминаи хуби ҳамкорӣ ба роҳ монда, дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисос мубодилаи доимии назариявӣ ва амалӣ дошта бошанд.
«Дар замони ҷаҳонишавӣ ва ба миён омадани хатарҳои нави глобалӣ моро зарур аст, ки аз пештара дида бо ҳамдигар ҳамкорӣ намоем ва бо ин таҳдиду хатарҳо дар якҷоягӣ роҳҳои нави мубориза бо ҷинояту ҷинояткориро пайдо намоем»,-гуфт Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.
Дар хотимаи вохӯрӣ меҳмонон барои пазироии гарму самимӣ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипос гуфта, изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкории минбаъда миёни академияҳо боз ҳам густариш хоҳад ёфт.
АКСҲО: ВКД ҶТ








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






