Миёни Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи туризми дар ҷомеа асосёфта Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 31.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи туризми дар ҷомеа асосёфтаи Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Ёддошти мазкур бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилоти сайёҳӣ, мубодилаи иттилоот, омода кардани мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаи сайёҳӣ, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ оид ба муаррифии зарфияти сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар имзо шуд.
Ассотсиатсияи туризми дар ҷомеа асосёфтаи Тоҷикистон (TATOS) ассотсиатсияи ҷавонест, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди сайёҳии ҷамоавӣ сабти ном шудааст.
Сайёҳии ҷамоавӣ як намуди сайёҳиест, ки дар он сокинони маҳаллӣ бо бунёди меҳмонхонаҳои хурд, дӯкону мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои дастӣ, нигораҳо ва армуғонҳои миллӣ нақши муассир мегузоранд.
Замина ва рушди сайёҳии ҷамоавиро иқтидори фарҳангӣ, таърихӣ, захираҳои сайёҳӣ ва истеъдоду қобилияти мардуми маҳаллӣ ташкил медиҳад.
Сайёҳии ҷамоавӣ феълан дар ҷаҳон ҳамчун стратегия барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ истифода мешавад.
Ёдрас мешавем, ки давоми соли 2021 Кумита бо дастгирии шарикон ва мақомоти маҳаллӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Душанбе таҳти унвони “Сайёҳии ҷамоавӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди сайёҳӣ дар кишвар” силсилаи ҳамоиш-машваратҳо баргузор намуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад






