Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия дар Москва машваратҳо доир шуданд

Декабрь 23, 2021 13:12

ДУШАНБЕ, 23.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр дар шаҳри Москва миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия машваратҳо роҷеъ ба мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав баргузор гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳайатҳои тарафҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Русия Олег Сиромолотов роҳбарӣ карданд.

Зимни машваратҳо ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Русияро дар самти амният ва муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав дар сатҳи дуҷониба ва дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба муфассал муҳокима намуданд.

Гузашта аз ин, оид ба масъалаи амнияти минтақавӣ бо дарназардошти вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи амиқи афкор сурат гирифт.

Машваратҳои мазкур бар асоси Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия барои соли 2021 роҳандозӣ шуданд.

АКС: ВКХ ҶТ

Декабрь 23, 2021 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид