«МО ИТОАТ НАМЕКУНЕМ». Сафорати Афғонистон дар Душанбе дар мавриди тамос бо толибон

Декабрь 29, 2021 12:30

ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон то ҳол аз мақомоти толибон дастур нагирифтааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» хабар медиҳад, дар ин бора Сафири Афғонистон дар Душанбе, узви Шӯрои роҳбарикунандаи Муқовимати миллии Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар (ДАР АКС) изҳори назар намуд.  “Мо ба толибон итоат намекунем, онҳо террористҳоянд, ки мо онҳоро намешиносем ва ҳеҷ гоҳ эътироф нахоҳем кард. Ман аз онҳо дастур нагирифтаам ”-гуфт ӯ. Ба гуфтаи дипломат, сафорат додани намунаи раводидҳои кӯҳнаи афғониро, ки ҳоло ҳам «эътибор доранд», идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, қаблан хабар  дода  шуд,   мақомоти нави Афғонистон ба ҳисоби Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ҳудуди 800 ҳазор доллар интиқол додаанд ва тавре маълум шуд, ин кор иштибоҳан сурат гирифтааст. Дар намояндагии дипломатии Афғонистон иброз намуданд, ки ин маблағҳо бояд барои бунёди мактаб барои муҳоҷирони афғон дар Ваҳдат равона мегардиданд.

Бо сабабҳои номаълум мақомоти нав пулро ба мухотаб интиқол доданд, вале охири моҳи ноябр Вазорати хориҷаи ин кишвар ба Сафорати Афғонистон дар Душанбе дархост ирсол намуда, баргардонидани тамоми маблағро тақозо кардааст. Аммо намояндагӣ посух дод, ки онҳо наметавонанд пулро ба толибон баргардонанд, зеро на сафорат ва на ҷаҳон ҳукумати онҳоро эътироф накардаанд. Илова бар ин маблағи калон бо доллар аллакай барои эҳтиёҷоти намояндагӣ масраф шудааст.                     

                                 АКС: © Sputnik / Амир Исоев

Декабрь 29, 2021 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд