Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо» баъди таъмири пурра ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ғизо ва пешгирии бемориҳои вобаста ба он Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд, махсусан Барномаи тандурустии ҷамъиятии ҳамкории байналмилалии Олмон аз таъмири куллӣ бароварда шуда, ба истифода дода шуд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маросими ба истифода додани маркази мазкур, ки дар «Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ» ҷойгир мебошад, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, намояндагони якчанд вазорату идора ва кумитаҳо, шарикони рушд, роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур иштирок намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, марказ аз ҳуҷраҳои корӣ, таълимӣ ва озмоишгоҳ иборат мебошад, ки дар онҳо тамоми шароит ва имконоти мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.
Соли равон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардидани 2 ҳуҷҷати муҳими стратегӣ вабаста ба ғизо- «Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии вазъи ғизои аҳолӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи пешгирии норасоии микронутриенҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи мазкур таҳти таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд






