ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд

Декабрь 22, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд,  иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳида кӯҳӣ бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо оҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм,  рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо дар базе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф меояд. Дар баъзе ноҳияхо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хукун то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, тормеғ (туман)-и тунук мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм,  рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 22, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд