ПАНҶ СОЛИ РУШДИ САНОАТ. Дар амалисозии ин барнома саҳми олимон бояд назаррас бошад
ДУШАНБЕ, 21.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 21 декабр ироа гардид.
Дар толор дар баробари дигар табақаҳои фаъоли ҷомеа инчунин намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои олии таълимӣ иштирок доштанд.
Пас аз шунидани Паёми пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он, аз ҷумла оид ба панҷ соли минбаъдаи рушди миёнасолонаи иқтисодиёт ва Солҳои рушди саноат дар Тоҷикистон эълон намудани солҳои 2022-2026 сухан рафт, бархе намояндагони илму иқтисод дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ибрози назар карданд.
Ба гуфти муовини Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оид ба илм Баҳром Аҳмадов, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар ин панҷсола ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида мешавад ва ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатро таъмин хоҳад кард. Албатта, бо дарназардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии кишвар аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноат эълон гардиданд. Пеш аз ҳама, ин дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва бокортаъминкунии аҳолии мамлакат мусодат хоҳад кард. Дар ин самт аҳли илм, олимон бояд саҳми назаррас дошта бошанд, зеро дар даврони муосир раванди тараққиёти илмҳои мусоир, ки ҷузъи таркибии рушди соҳаи инноватсияи иқтисоди рақамӣ ва саноат мебошад, муҳим аст.
Аз ҷониби Сарвари давлат Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани солҳои 2022-2026, пеш аз ҳама, барои рушди иқтисоди миллӣ муҳим ва саривақтӣ хоҳад буд.
Корманди масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳтоббӣ Одиназода таассуроташро баъди шунидани Паёми Пешвои миллат изҳор намуда, гуфт, ки «аз рӯи таҳлилҳои дурандешонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон панҷсолаи минбаъда бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад».
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 21 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад






