Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Олаф Шолтс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 11.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Олаф Шолтс барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли самимият Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба мақоми олии Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон табрик ва таҳният менамоям.
Бо ибрози беҳтарин таманниёт ба Шумо сиҳатмандии комил, дар пешбурди ваколатҳои тозаи пурмасъулиятатон ва дар амри татбиқи нақшаю барномаҳоятон ҷиҳати пешрафти Олмони дӯст дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, ҳамчунин тақвияти беш аз пеши обрӯву нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ муваффақиятҳо орзумандам.
Тоҷикистон алоқаманди густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон яке аз кишварҳои калидии Иттиҳоди Аврупо мебошад. Дар ин замина мо хоҳони вусъати бештар бахшидан ба таъмиқу тавсеаи онҳо дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.
Изҳори умед менамоям, ки бо саъю эҳтимоми муштарак шарикии гуногунҷанбаи кишварҳои мо минбаъд низ рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав бардошта хоҳанд шуд.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми амиқи маро бипазиред».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






