Профессор Ҷаҳон Азонов ғизоҳоеро номбар кард, ки истеъмолашон ба беморони COVID-19 қатъиян манъ аст

Декабрь 13, 2021 13:40

ДУШАНБЕ, 13.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба беморони гирифтори коронавирус истеъмоли ғизоҳои сернамак, ширин ва тамоми намуди фасфудҳо қатъиян манъ  мебошад, — гуфт имрӯз дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ғизошинос,  доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов.

Бархе нафарон бар он андеша ҳастанд, ки гӯё истеъмоли машрубот аз COVID-19 пешгирӣ мекунад, ин тамоман хато аст. Истеъмоли маводи спиртӣ ба ҷигари инсон таъсири манфӣ мерасонад, зеро ҷигар манбаи асосии ба танзимоваранда ва ҳосилкунандаи ҳуҷайраҳои системаи масунияти бадан мебошад, ки бо истеъмоли машрубот мо ба он таъсири манфӣ мерасонем.

Ғайр аз ин истеъмоли тамоми намуди ҳасибҳо, аз ҷумла ҳасибҳои дудин, ки аз консервантҳо ва маводҳои хуштамъкунанда иборатанд, бояд даст кашид.

Инчунин, ба беморони гирифтори COVID-19 истеъмоли обҳои рангаи ширин, ки дар таркибашон маводҳои зиёди хушбӯйкунанда мавҷуд аст тавсия дода намешавад. Ҳатто онҳо бояд аз истифодаи маводҳои табиии хуштамъу хушбӯйкунанда даст кашанд, — афзуд мавсуф.

Ба зикри профессор, беҳтар аст, ки беморон ба ҷои ин гуна маҳсулотҳо ба истеъмол меваю сабзавот рӯй оранд. Ҳамчунин, дар ғизои онҳо бояд маҳсулоти гӯштӣ, хусусан  гӯшти гов  мавҷуд бошад. Вале он  набояд дорои  чарбуи зиёд бошад. Зеро  чарбу холестерини зиёд дошта, ҳолати беморони  COVID-19 –ро  вазнин мекунад. Бе ин ҳам зимни беморӣ ҳолати холестерин дар беморон зиёд шуда, лахтшавии худ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ набояд боз холестерини бад ба бунияи беморон ворид намуд. Дар ин вақт бояд мо кислотаҳои чарбугии носер, ки манбаи асосии онҳо равғанҳои растаниянд, истифода барем.

Декабрь 13, 2021 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон