Прокуратураи генералӣ: Қотилон барои ҷинояти 24 сол пеш содиркардаашон ҷазо гирифтанд
ДУШАНБЕ, 07.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021 Самиев Исмоил Ҳалимович ва Мурадов Рамазон Нарзуллоевич бо моддаҳои 74, 156 қисми 2 ва 104 бандҳои «а», «г», «д», «е», «з», «н» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо бо дастрасии моддаи 39, қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудан ҷазои ниҳоӣ ба муҳлати 15 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш сахт таъйин карда шуд.
«Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Самиев Исмоил Ҳалимович ва Мурадов Рамазон Нарзуллоевич дар давоми солҳои 1996-1998 ба дастаи муташакили Рамазон Тошев, ки дар деҳаи Қушбулоқи колхози Дӯстии шаҳри Турсунзода ҷойгир буд, шомил шуда, бо силоҳҳои гуногуни оташфишон мусаллаҳ гардида, ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз қабили бандитизм, роҳзанӣ ва куштори қасдонаро содир намудаанд»,- омадааст дар хабарномаи маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ.
Аз ҷумла, 14 августи соли 1997, тахминан соати 23-00 дақиқа Самиев И.Д аз рӯи маслиҳати пешаки бо ҳамаслаконаш Шукуров М., Салохов И.У., Мурадов Р.Н. ва Ҳайдаров А.М. бо силоҳи оташфишони тамғаи «Калашников» мусаллаҳ шуда, бо мошини тамғаи ВАЗ- 21011 таҳти идораи Мурадов Р.Н. ба деҳаи Кирови колхози Дӯстии шаҳри Турсунзода ба хонаи Ашуров Чупонқул ва Ашуров Валиҷон омада, бо таҳдиди куштан аз онҳо маблағи пулӣ талаб намудаанд.
Модари оилаи Ашуровҳо-Ашурова Нуқра аз дохили хона маблағи 1.200 доллари ИМА ва 700.000 рубли тоҷикӣ мутаносибан баробар ба 1585,60 сомонӣ бароварда, ба Самиев И.Д додааст, вале номбурдагон бо мақсади ошкор нашудани ин кирдорашон куштори қасдонаи фарзандони ин хонадон — Ашуров Чупонқул ва Ашуров Валиҷонро бо истифода аз силоҳи оташфишон бо бераҳмии махсус содир намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Самиев Исмоил Ҳалимович ва Мурадов Рамазон Нарзуллоевич бо моддаҳои 74, 156 қисми 2 ва 104 бандҳои «а», «г», «д», «е», «з», «и» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) бо иштироки кормандони Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣоид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Суди Олӣ баррасӣ карда шуд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст






