Прокуратураи генералӣ: Қотилон барои ҷинояти 24 сол пеш содиркардаашон ҷазо гирифтанд

Декабрь 7, 2021 09:35

ДУШАНБЕ, 07.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  бо ҳукми коллегияи  судӣ  оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021 Самиев Исмоил Ҳалимович ва Мурадов Рамазон Нарзуллоевич  бо моддаҳои 74, 156 қисми 2 ва 104 бандҳои «а», «г», «д», «е», «з», «н» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо бо дастрасии моддаи 39,  қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудан ҷазои ниҳоӣ ба муҳлати 15 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар муассисаи  ислоҳии дорои низомаш сахт таъйин карда шуд. 

«Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст, ки Самиев Исмоил Ҳалимович ва Мурадов Рамазон Нарзуллоевич  дар давоми солҳои 1996-1998 ба дастаи муташакили Рамазон Тошев, ки дар деҳаи Қушбулоқи колхози Дӯстии шаҳри Турсунзода ҷойгир буд, шомил шуда, бо силоҳҳои гуногуни оташфишон мусаллаҳ гардида, ҷиноятҳои махсусан вазнин,  аз қабили бандитизм, роҳзанӣ ва куштори қасдонаро содир намудаанд»,- омадааст дар хабарномаи маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ.

Аз ҷумла, 14 августи  соли 1997,  тахминан соати 23-00 дақиқа Самиев И.Д  аз рӯи маслиҳати пешаки бо ҳамаслаконаш Шукуров М., Салохов И.У., Мурадов Р.Н. ва Ҳайдаров А.М. бо силоҳи оташфишони тамғаи «Калашников» мусаллаҳ шуда, бо мошини  тамғаи ВАЗ- 21011 таҳти идораи Мурадов Р.Н. ба деҳаи Кирови колхози Дӯстии шаҳри Турсунзода ба хонаи Ашуров Чупонқул ва Ашуров Валиҷон омада, бо таҳдиди куштан аз онҳо маблағи пулӣ талаб намудаанд.

Модари оилаи Ашуровҳо-Ашурова Нуқра аз дохили хона маблағи 1.200 доллари ИМА ва 700.000 рубли тоҷикӣ мутаносибан баробар ба 1585,60 сомонӣ бароварда,  ба Самиев И.Д  додааст, вале номбурдагон бо мақсади ошкор нашудани ин кирдорашон куштори қасдонаи фарзандони ин хонадон — Ашуров Чупонқул ва Ашуров Валиҷонро  бо истифода аз силоҳи оташфишон бо бераҳмии махсус содир намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба  Самиев Исмоил Ҳалимович ва Мурадов Рамазон Нарзуллоевич бо моддаҳои 74, 156 қисми 2 ва 104 бандҳои «а», «г», «д», «е», «з», «и» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) бо иштироки кормандони Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣоид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Суди Олӣ баррасӣ карда шуд.

   АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 7, 2021 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд