Рӯзномаи «Меҳтарони Хатлон» таъсис ёфт

Декабрь 29, 2021 10:32

ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба  30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  арафаи Соли нави мелодӣ  нашрияи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон — рӯзномаи вилоятии «Меҳтарони Хатлон»  таъсис дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Тавре раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу  меҳнати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон С. Исмоилзода зикр кард, рӯзномаи  «Меҳтарони Хатлон»  бо дастгирии раиси вилояти Хатлон  Қурбон Ҳакимзода таъсис дода шуда,  дар арафаи Соли нави мелодӣ барои  насли калонсоли вилоят  туҳфаи арзанда гардид.

— Мо, собиқадорони ҷангу  меҳнати  вилояти Хатлон басо хушнудем, ки роҳбарияти вилоят дар ҳаққи мо, насли калонсол чунин ғамхориҳо зоҳир менамояд. Акнун мо имкон дорем тавассути ин рӯзнома барои  тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, инсондӯстӣ ва ватанпарастӣ  талош намоем ва дар ободонии Ватан саҳми босазои худро гузорем, — афзуд С. Исмоилзода

 

 

Аксҳо аз манбаъҳои озод

Декабрь 29, 2021 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон