Рамазон Раҳимзода ва Алексей Егоров масъалаи муборизаи муштарак бо ҷиноятҳои муташаккилро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода 18 декабр бо роҳбари навтаъйини Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алексей Егоров мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мубодилаи иттилооти фаврӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин доир ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастҷамъона дар ин самт якчанд таклифу пешниходҳои судманд ироа гардиданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкорӣ изҳор доштанд.
АКС: ВКД ҶТ








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






