Шонздаҳ паҳлавони тоҷик дар Чемпионати Осиё/Уқёнус миёни наврасон ва ҷавонон иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 5 декабр дар шаҳри Бейрути Лубнон Чемпионати Осиё/Уқёнус миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонони тоҷик низ ширкат мекунанд, хабар доданд аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар.
Дар чемпионат миёни наврасон 137 варзишгар (83 писар, 54 духтар) ва дар чемпионат миёни ҷавонон 127 варзишгар (84 писар, 43 духтар) аз 17 давлати қора ширкат мекунанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мусобиқаи наврасон 7 нафар (6 писар, як духтар) ва ба мусобиқаи ҷавонон 9 нафар писар сафарбар гардиданд.
Қувваозмоиҳо миёни наврасон 2-3 декабр ва миёни ҷавонон 4-5 декабр баргузор мегарданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба намуди гӯштини дзюдо миёни наврасон ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё/Уқёнус-2021:
-50кг — Ҷасур ЛУТФИШОЕВ
-52кг — Меҳрона МАҲМАДЗОДА
-60кг — Сируш ЭРКАЕВ
-66кг — Муҳаммад ЮСУФЗОДА
-73кг — Сунатулло МУСОЕВ
-90кг — Сомонӣ КИШВАРОВ
+90кг — Парвиз АБДУРАҲМОНОВ
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба намуди гӯштини дзюдо миёни ҷавонон ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё/Уқёнус-2021:
-66кг — Хурсандқул КУГАНОВ
-66кг — Абубакр ШЕРОВ
-73кг — Муҳаммадиқбол ТОШОВ
-73кг — Масъуди АҲМАДЗОД
-81кг — Муҳаммадҷон АБДУҶАЛИЛОВ
-81кг — Шодмон РИЗОЕВ
-81кг — Раҳматулло МИРЗОЕВ
-100кг — Мансур РАҲМОН
+100кг — Давлатҷон НАЗРИЕВ
Барномаи баргузории мусобиқа:
Наврасон:
1-2 декабр | Панҷшанбе
Занон: -40 kg, -44kg, -48kg, -52kg
Мардон: -50 kg, -55 kg, -60 kg, -66 kg
Муқаддамотӣ: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
2-3 декабр | Ҷумъа
Занон: -57 kg, -63kg, -70kg, +70kg
Мардон: -73 kg, -81 kg, -90 kg, +90 kg
Муқаддамотӣ: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
Ҷавонон:
3-4 декабр | Шанбе
Занон: -48 kg, -52 kg, -57kg
Мардон: -60kg; -66kg; -73kg
Муқаддамотӣ: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
4-5 декабр | Якшанбе
Занон: -63kg; -70kg; -78kg; +78kg
Мардон: -81 kg, -90 kg, -100 kg, +100 kg
Муқаддамотӣ: 13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 19:00
*Вақти Душанбе
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






