Қӯшунҳои сарҳадӣ дар бораи амалҳои навбатии зиддиҳуқуқии шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 17.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабри соли 2021, тахминан соати 16:50, дар қитъаи дидбонгоҳи сарҳадии отряди сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Сомониён далели аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон сохтмони ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сардори дидбонгоҳи сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои зиддиҳуқуқии шаҳрвандони Қирғизистон бо ҳамтои қирғизи худ вохӯрӣ доир намуд. Аммо, зимни вохӯрӣ шаҳрвандони хашмгини Ҷумҳурии Қирғизистон ба рафти он халал расонида, ба марзбонони тоҷик ҳамла карданд ва ба сӯи онҳо санг партофтанд. Чун дар ҳолатҳои қаблӣ бо ба роҳ андохтани иғвои навбатӣ шаҳрвандони Қирғизистон ба пеш ҳаракат карданд ва бо ин ба ҳаёт ва саломатии марзбонони тоҷик таҳдид намуданд.
Сардори дидбонгоҳи сарҳадии ҚС Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъиятро дуруст арзёбӣ намуда, бо мақсади рафъи авҷгирии низоъ бо риояи қатъии талаботи муқаррарнамудаи қонун ба ҳаво stop-allergy-meds.com огоҳӣ холӣ кард ва издиҳоми хашмгинро боздошт.
Намояндагони марзбонии тарафҳо, ки ба ҷойи ҳодиса расидаанд, ба мувофиқа омаданд, ки ҳодисаро якҷоя тафтиш кунанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






