ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ҶТ: Амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандон ва марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон хусусияти муттасилӣ дошта, боиси шиддат гирифтани вазъ дар сарҳад мегарданд

Декабрь 24, 2021 11:52

ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вақтҳои охир ҳодисаҳои амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандон ва марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон бештар ба мушоҳида расида, боиси бад шудани вазъ дар сарҳад мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Бино ба маълумоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2021, тахминан соати 13:50, дар мавзеи деҳаи Чашмаи ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон, мошини тамғаи «Опел» бо рақами давлатии Қирғизистон 50-49 D ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардид. Муайян карда шуд, ки дар мошин 4 нафар марзбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон қарор доштаанд.

 Зимни суҳбат ва тавзеҳ дар бораи убури ғайриқонунии марз ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон марзбонони қирғиз гуфтанд, ки ин амалҳоро тибқи дастури сардорони худ анҷом додаанд.

Сарҳадбонони қирғиз бо назардошти талаботи созишномаҳои қаблан ҳосилшуда ба қаламрави Қирғизистон баргардонида шуданд.

Инчунин 22 декабри соли 2021, тахминан соати 14:10, дар маҳаллаи шаҳраки Хистеварзи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон далели убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби мошини тамғаи КАМАЗ бо рақами давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон сабт гардид. Тавре маълум шуд, мошини сӯзишворӣ ба як шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад.

Бо мақсади нигоҳ доштани нақлиёти вайронкунандаи қоида марзбонони Тоҷикистон ишораи боздошт кардаанд. Аммо ронанда ба талаби марзбонони тоҷик эътибор надода, суръати мошинро афзоиш дода, хостааст марзбононро пахш кунад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда мошин боздошта шуд. Ҳангоми боздошт ронандаи мошин осеб надидааст.

Илова бар ин, 22 декабри соли 2021, тахминан соати 23:00 аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба манзили як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тирандозӣ сурат гирифт. Тир аз нуқтаи аҳолинишини Майскийи Кирғизистон паронда шудааст. Дар натиҷа тирезаҳои хонаи як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон осеб дидаанд.

Аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳои сарҳадии дар боло зикршуда дар сатҳи намояндагони марзбонии ҷонибҳо мулоқотҳои корӣ баргузор мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 24, 2021 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд