Соҳибкори шаҳри Турсунзода ба ниёзмандон кумаки моддӣ расонид
ТУРСУНЗОДА, 25.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкори саховатпешаи Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода Шавкат Муҳаммадиев, ки роҳбари хоҷагии деҳқонии «Абдулло» мебошад, ба 150 оилаи ниёзманди ҷамоат 50-килоӣ орд, 3-литрӣ равғани растанӣ ва 2 кг гӯшт кумаки моддӣ намуд, хабар дод котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба мухбири АМИТ «Ховар».
Ба иттилои манбаъ, ҷавонмарди хайрхоҳ Шавкат Муҳаммадиев ният дорад рӯзҳои наздик ба шарафи Соли нави мелодӣ боз ба 100 оилаи дигар кумаки хайриявӣ расонад.
Ҳамчунин бо дастгирии ташкилоти хайриявии «ОРИЁ» барои 145 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуди муассисаи хизматрасонии иҷтимоии «Ширин», ятимон ва нимятимон ба истиқболи Соли нави 2022 барномаи хайриявӣ доир гардид. Зимни он барои кӯдакони эҳтиёҷманд барномаи фарҳангӣ ва бозиҳои шавқовар баргузор карда, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бахшида ба Соли нави мелодӣ ятимону маъюбони шаҳр ва оилаҳои сатҳи зиндагияшон вазнин аз чунин эҳсонкориҳои соҳибкорону мақомоти иҷроия пайваста бархурдор мегарданд.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






