Собиқ Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ фасодзадатарин шахс дар соли 2021 эълон гардид

Декабрь 28, 2021 13:46

ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккил (OCCRP) эълон кард, ки Президенти фирории Афғонистон Ашраф Ғанӣ  ба феҳристи «фасодзадатарин шахсони соли 2021» шомил гардид. Дар ин бора АИ REGNUM хабар медиҳад.

Ин пажӯҳишро як гурӯҳи шашнафараи рӯзноманигорон ва пажӯҳишгарон анҷом додаанд.

Маркази тадқиқоти коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккил, ки агентиҳои иттилоотӣ ва рӯзноманигорони мустақили ҷаҳонро муттаҳид мекунад, ҳамасола рейтинги фасодзатаринҳои сатҳи ҷаҳониро тартиб медиҳад. Дар соли 2021 коршиносони OCCRP собиқ президенти Афғонистон Ашраф Ғаниро дар садри феҳрист ҷой карданд.

Ҳайати шашнафараи ҳакамон на танҳо сатҳи баланди фасодзадагии  Ашраф Ғанӣ, балки комилан нотавон будани ӯро дар мақоми роҳбари давлат низ тазаккур додаанд.

Яке аз муассисони ин лоиҳа Дрю Салливан гуфт, ки Ашраф Ғанӣ ҳам намунаи фасод ва ҳам нотавонбинии гӯшношунид аст. Ӯ мардуми худро танҳо гузошта, онҳоро ба марг маҳкум кард ва худаш ҳамроҳи мансабдорони фасодзадаи ҳукуматаш ба АМА фирор намуд.

Ҳаммуассиси OCCRP Дрю Салливан ҳамчунин соли гузаштаро аз нигоҳи фасод соли барҷаста номид.

Ашраф Ғанӣ, собиқ  олими  иқтисоддон, аз соли 2014 президенти Афғонистон буд. Ӯ моҳи сентябри соли 2019 дубора интихоб шуд, аммо ба далели тӯлонӣ будани буҳрони сиёсӣ, танҳо моҳи марти соли 2020 савганд ёд кард. Қаблан Ашраф Ғанӣ, ки дар Донишгоҳи Калифорнияи Беркли ва Ҷонс Ҳопкинс (Балтимор, иёлати Мэриленд) дар риштаи антропология дарс мегуфт, шаҳрвандии Амрикоро дошт, аммо барои ширкат дар интихоботи президентии Афғонистон соли 2009 аз шиносномаи амрикоиаш даст кашид. Ашраф Ғанӣ пас аз анҷоми фаъолияти академии худ дар Бонки ҷаҳонӣ кор мекард.

Акс: AFP

Декабрь 28, 2021 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад