Собиқ Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ фасодзадатарин шахс дар соли 2021 эълон гардид
ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккил (OCCRP) эълон кард, ки Президенти фирории Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба феҳристи «фасодзадатарин шахсони соли 2021» шомил гардид. Дар ин бора АИ REGNUM хабар медиҳад.
Ин пажӯҳишро як гурӯҳи шашнафараи рӯзноманигорон ва пажӯҳишгарон анҷом додаанд.
Маркази тадқиқоти коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккил, ки агентиҳои иттилоотӣ ва рӯзноманигорони мустақили ҷаҳонро муттаҳид мекунад, ҳамасола рейтинги фасодзатаринҳои сатҳи ҷаҳониро тартиб медиҳад. Дар соли 2021 коршиносони OCCRP собиқ президенти Афғонистон Ашраф Ғаниро дар садри феҳрист ҷой карданд.
Ҳайати шашнафараи ҳакамон на танҳо сатҳи баланди фасодзадагии Ашраф Ғанӣ, балки комилан нотавон будани ӯро дар мақоми роҳбари давлат низ тазаккур додаанд.
Яке аз муассисони ин лоиҳа Дрю Салливан гуфт, ки Ашраф Ғанӣ ҳам намунаи фасод ва ҳам нотавонбинии гӯшношунид аст. Ӯ мардуми худро танҳо гузошта, онҳоро ба марг маҳкум кард ва худаш ҳамроҳи мансабдорони фасодзадаи ҳукуматаш ба АМА фирор намуд.
Ҳаммуассиси OCCRP Дрю Салливан ҳамчунин соли гузаштаро аз нигоҳи фасод соли барҷаста номид.
Ашраф Ғанӣ, собиқ олими иқтисоддон, аз соли 2014 президенти Афғонистон буд. Ӯ моҳи сентябри соли 2019 дубора интихоб шуд, аммо ба далели тӯлонӣ будани буҳрони сиёсӣ, танҳо моҳи марти соли 2020 савганд ёд кард. Қаблан Ашраф Ғанӣ, ки дар Донишгоҳи Калифорнияи Беркли ва Ҷонс Ҳопкинс (Балтимор, иёлати Мэриленд) дар риштаи антропология дарс мегуфт, шаҳрвандии Амрикоро дошт, аммо барои ширкат дар интихоботи президентии Афғонистон соли 2009 аз шиносномаи амрикоиаш даст кашид. Ашраф Ғанӣ пас аз анҷоми фаъолияти академии худ дар Бонки ҷаҳонӣ кор мекард.
Акс: AFP








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






