СОЛИ 2022 МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар бораи дигаргуниҳо дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон

Декабрь 31, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 31.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Соли ду ҳазору бисту ду мутобиқи тақвими григорианӣ соли маъмулӣ (ғайри кабиса) ва дар тақвими шарқӣ — Соли паланг  аст. Ин соли 2022-юми давраи мо, соли 22-юми ҳазорсолаи сеюм, соли 22-юми асри XXI, соли дуюми даҳаи 3-юми асри XXI мебошад. Тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, бо пешниҳоди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ дар Тоҷикистон солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Солҳои рушди саноат эълон гардидаанд. Соли 2022 Тоҷикистониёнро кадом навгониҳо интизоранд?

Дар бораи он ки дар соли оянда Тоҷикистониёнро боз чй гуна дигаргуниҳо интизоранд дар матлаби омодакардаи мухбирони АМИТ «Ховар».

 

Дар соҳаи сиёсат

Моҳи январ дар Душанбе ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли нав баргузор мешавад ва дар он натиҷаҳои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2021 ҷамъбаст ва вазифаҳои асосии соли 2022 муайян хоҳанд шуд.

Дар пойтахт

 Охири соли 2022 ва аввали соли 2023 биноҳои нави Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар айни ҳол сохтмонашон бомаром дар маркази шаҳри Душанбе идома дорад,  ба истифода дода мешаванд.

***

Майдони «Истиқлол» бо Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ», ки аз иншооти асосии боғ маҳсуб меёбад, соли 2022 ба истифода дода мешавад.

***

Соли 2022 дар Душанбе 8 меҳмонхонаи замонавӣ ифтитоҳ меёбад.

***

Моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ  дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ озмуни шаҳрии гулҳо — «Душанбе — шаҳри гулрез» баргузор мегардад.

Дар соҳаи буҷет

 Хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар ҳаҷми 33,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли равон 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

***

Буҷети давлатӣ барои соли 2022 ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ва дохилӣ ба он, аз ҷумла таъсири идомаёбандаи пандемияи Ковид — 19, тараққиёти соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.

Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

 1 январи соли 2022 музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  25 фоиз, аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз, андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад.

***

Инчунин ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1 июли соли 2022  50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

Дар соҳаи иқтисод

 Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 ба андозаи 6% пешбинӣ шудааст.

***

То охири соли 2022 раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ давоми 24 соат, аз ҷумла ба тарзи электронӣ ба роҳ монда мешавад.

***

Дар Маҷмааи варзишии «Манеж» дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2022. Тирамоҳ» доир  мегардад.

***

Иштироки ширкатҳои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул

***

Баргузории Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2022. Баҳор».

***

Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» баргузор мегардад.

Дар соҳаи кишоварзӣ

 Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якшанбеи чоруми моҳи январ Иди Сада ба баргузории намоиши ниҳолҳо ва тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад.

***

Шанбеи сеюми моҳи авсути соли 2022 Иди ангур доир мешавад. Ин чунин дар ин сол якшанбеи охири моҳи август  Иди каду, якшанбеи якуми моҳи сентябр Иди харбуза ва тарбуз ва шанбеи сеюми моҳи сентябр Иди себ доир мегарданд.

***

Якшанбеи дуюми моҳи октябр Иди Меҳргон ва баргузор кардани фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ сурат мегирад.

***

Замини тутзор ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод гардиданд.

Дар соҳаи андоз

 Соли 2022 дар Тоҷикистон Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор мегирад. Кодекси андоз дар таҳрири нав бо мақсади саноатикунонии босуръати мамлакат, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд.

***

Шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд.

***

Инчунин ҷиҳати таъмини огаҳии бештари шаҳрвандон ва андозсупорандагон аз муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав, пеш аз ҳама, навгониҳо ва  имтиёзҳои андозӣ, корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон ва андозсупорандагон тавассути гузаронидани семинар-машваратҳо ва вохӯриҳо гузаронида шуда, мақолаҳо ва эълонҳо, мусоҳибаҳо дар марказҳои иттилоотӣ ва бавоситаи шабакаҳои телевизион, сомонаҳои интернетӣ ва радиоҳои гуногун, рӯзномаҳову маҷаллаҳои даврӣ ва ғайраҳо чоп карда мешаванд.

Дар соҳаи нақлиёт

 Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022–2026 сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон–Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ–Қубодиён–Шаҳритус, Данғара–Гулистон–Кӯлоб, Рӯшон–Хоруғ–Кулма, Хуҷанд–Конибодом ва Хуҷанд–Ашт оғоз мегардад.

***

Дар давоми солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд мегарданд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд. Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёти  мамлакат  13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ татбиқ  гардида истодааст.

Дар соҳаи шуғли аҳолӣ

 Шурӯъ аз соли 2022 то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ мегарданд. Дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар соҳибкасб гардонида мешаванд.

***

«Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия мегардад.

***

Аз ҳисоби рушди соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, молияву бонкдорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва дигар бахшҳо то 200 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

***

Соли 2022 ҷиҳати ба омӯзиш фаро гирифтани касбомӯзон аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар мамлакат 12 маркази касбомӯзӣ ба истифода дода мешаванд.

***

Шанбеи охири моҳи апрели соли 2022 Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» доир мешавад.

Дар соҳаи демография

 То соли 2022 дар ҷумҳурӣ аллакай 9 миллиону 931 ҳазор нафар ва то соли 2023 10 миллиону 129 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ хоҳанд кард.

***

Соли 2022 маълумот дар бораи шумора ва ҷойгиршавии аҳолӣ, ҳайати синнусолӣ, ҷинсӣ  ва ҳолатҳои ақди никоҳ, ҳайати миллӣ ва донистани забонҳо, шаҳрвандии аҳолӣ, сатҳи маълумотнокӣ пешниҳод мешавад.

Дар соҳаи сиёсати хориҷӣ

 Соли 2022 Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатиро бо беш аз 40 давлати ҷаҳон,   аз ҷумла  бо  Ҷумҳурии Озарбойҷон (29 майи 1992) , Федератсияи Русия (8 апрели 1992), Украина (24 апрели 1992), Ҷумҳурии Арманистон (21 октябри соли 1992), Ҷумҳурии Узбекистон (22 октябри соли 1992), Алҷазоир (10 январи соли 1992), Арабистони Саудӣ (11 январи 1992), Афғонистон (15 июли 1992), Ветнам (14 июли 1992), Давлати Исроил (26 марти 1992), Давлати Фаластин (6 марти 1992), Зеландияи Нав (моҳи августи 1992), Малайзия (11 марти 1992), Муғулистон (24 апрели 1992), Покистон (6 июни соли 1992), Ҷумҳурии Арабии Сурия (29 марти соли 1992), Таиланд (5 августи соли 1992), Туркия (29 январи 1992), Хитой (4 январи 1992) , Эрон (9 январи 1992), Япония (2 феврали 1992), Ҳиндустон (28 августи1992), Ироқ (11 январи 1992), Ҷумҳурии Корея (27 апрели 1992), Полша (11 феврали 1992), Австрия (25 марти соли 1992), Белгия (29 апрели 1992) , Британияи Кабир (15 январи соли 1992), Германия (28 феврали 1992), Испания (4 августи соли 1992), Италия (15 майи соли 1992), Канада (1 январи соли 1992), Литва (соли 1992), Люксембург (22 майи соли 1992), Маҷористон (2 июли 1992), Нидерланд (27 июли соли 1992), Норвегия (соли 1992), Фаронса (3 марти соли 1992), Финляндия (22 феврали 1992), Чехия (5 июни соли 1992), Швейтсария (9 декабри соли 1992), Шветсия (9 декабри соли 1992), Юнон (30 сентябри соли 1992) ва Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро  (14 феврали 1992) таҷлил мекунад.

***

Шурӯъ аз 1 январи соли 2022 барои шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми бидуни раводид ҷорӣ карда мешавад.

Муайян карда шудааст, ки муҳлати будубоши шаҳрвандони кишварҳои номбурда дар ҳудуди Тоҷикистон 30 рӯз муқаррар шудааст. Дар айни ҳол тибқи қарори дигари қабулнамудаи Ҳукумати кишвар,  шаҳрвандони боз 14 кишвар ба рӯйхати давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандонашон ҳуқуқи гирифтани раводид бо тартиби содакардашуда доранд, дохил карда шуданд. Ҳоло шумораи ин гуна давлатҳо ба 112 мерасад.

Ба қаламрави Тоҷикистон бидуни барасмиятдарории раводид шаҳрвандони кишварҳои зерин метавонанд ворид шаванд:  Австралия,  АМА, Люксембург, Бруней, Кувайт, Қатар, Зеландияи Нав, ИМА, Исландия, Канада, Швейтсария, Малайзия, Маҷористон, Австрия, Аргентина, Олмон, Доминикан, Индонезия, Италия, Кореяи ҷанубӣ, Куба, Латвия, Литва, Малдив, Полша, Португалия, Сингапур, Туркия, Филиппин, Финляндия, Фаронса, Хорватия, Чехия, Чили, Шри-Ланка, Эквадор, Эстония, Юнон, Лихтенштейн, Монако, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Белгия, Дания, Испания, Нидерландия, Норвегия, Таиланд, Урдун, Шветсия, Ямайка, Ҷопон.

Ба хориҷиён воридшавӣ ба ҷумҳурӣ бидуни доштани ҳуҷҷати болозикр танҳо бо як шарт имконпазир аст. Онҳо метавонанд дар ҳудуди Тоҷикистон танҳо як моҳ- 30 рӯз бошанд.

Пас аз муҳлати нишондодашуда онҳоро мебояд раводид бигиранд. Шаҳрвандони 14 кишваре, ки раводидро дар шакли содакардашуда имкони дастрас намудан доранд, инҳоянд: Камбоҷа, Бутан, Гондурас, Кабо-Верде, Никарагуа, Гана, Камерун, Бенин, Танзания, Кения, Лаос, Конго, Бангладеш,  Буркина-Фасо.

***

Моҳи июни соли 2022 дар Душанбе Конфронси дуввуми байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» баргузор хоҳад гардид.

***

Соли 2022 – баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил дар назар аст.

***

Соли 2022 ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминии давлатҳои узви ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

***

Аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ чорабинии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои фосилавии «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028», тобистони соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

 Дар соҳаи идораи замин, геодезия ва картография

Соли 2022 татбиқи Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 оғоз хоҳад гардид. Дар Барномаи мазкур татбиқи чорабиниҳо оид ба фароҳам овардани шароит барои гузариши минбаъда ба маҳсулоти муосири рақобатпазири геодезӣ ва харитасозӣ дар заминаи такмили тадбирҳои ба ҳам алоқаманди иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ташкилӣ, пешбинӣ шудааст.

***

Соли 2022 ба нақша гирифта шудааст, ки шабакаҳои координатҳои истифодаи умум бо истифодаи низоми моҳвораи глобалӣ бунёд шуда, шабакаҳои мавҷудаи геодезии давлатӣ азнавсозӣ карда шаванд. Дар баробари ин дар соли аввали татбиқи Барномаи мазкур бунёди пойгоҳи кушодаи рақамии харитасозии миқёсҳои 1:2000 – 1:10000, корҳои таъминоти топографӣ, геодезӣ, делимитатсия, демкаркатсия, редемаркатсия ва барасмиятдарории сарҳади давлатӣ бо давлатҳои ҳамсарҳад иҷро гарданд.

***

Соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Роштқалъа, Варзоб, Айнӣ, Хуросон биноҳои нави маъмурии кумитаи идораи замин ва корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.

 Дар соҳаи ҳифзи табиат

 Заргулдор (Иволга) парандаи соли 2022 интихоб гардид. Ин қарорро  олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пас аз он ки ин паранда дар озмун аксари овозҳоро соҳиб шуд, қабул намуданд.

Заргулдор бо номҳои   зебои зарғов, духтари сӯфӣ  миёни мардум машҳур    буда, яке аз парандагони  писандидаи дӯстдорони табиат  мебошад. Заргулдор бо тарзи ҳаёти  муътадил ва  аҷиби худ  дар табиат аз дигар парандагон фарқ мекунад.  Тарзи лонагузорӣ ва тарбияи чўҷаҳо барои  заргулдор   хеле муҳим мебошад.  Вай соле  то се-чаҳор чўҷа бароварда, ба  онҳо зуд тарзи парвозу  шикор меомўзад.

Заргулдор то 100 грамм вазн дошта, дар дигар мамлакатҳо, аз ҷумла дар Африко бо номи заргулдори  сиёҳча, дар Чин заргулдори сиёҳсар ва дар Ҳиндустон низ бо номи сиёҳсарак хеле зиёд паҳн шудааст.  Ин паранда дар  Федератсияи Русия ва   ҷангалҳои Сибир бисёр ба чашм мерасад ва азбаски дар ин мавзеъҳо  сурудхонӣ ва  садои вай баланд аст, яъне мисли  гурба овоз мебарорад, ӯро “гурбаи   ҷангалӣ” низ ном мебаранд.  Зеро овози заргулдор мусиқии доманадореро мемонад, ки дар худ асрореро пинҳон намудааст.

Дар соҳаи сайёҳӣ

Баҳри муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соли 2022 чунин ҳамоишҳо  ба нақша гирифта шудаанд:

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB Berlin-2022

***

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии МИТТ (MITT), Федератсияи Россия;

***

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «IFTM Top Resa 2022»-и Фаронса

***

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгохи байналмилалии сайёҳии World travel Market Лондон, Британияи Кабир

***

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Arabian Travel Market (АТМ), Дубай, Аморати Муттаҳидаи Араб

***

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Riyadh Travel Fair Арабистони Саудӣ

***

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Tourism Expo Japan, Япония, JATA

***

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Сайёҳӣ ва Мусофират» дар Ҷумҳурии Қазоқистон

***

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгохи байналмилалии сайёҳии ICTWEEK Uzbekistan дар Ӯзбекистон

***

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Travel and Tourism Fair, Озарбойҷон

***

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгохи байналмилалии сайёҳии Caucasus Tourism Fair Гурҷистон

***

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Emitt Istanbul, Туркия

***

Баргузор намудани форуми саёҳативу тиҷоратӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ

***

Инчунин, баргузории чунин чорабиниҳои миллӣ оид  ба ташаккули бренди миллии сайёҳӣ дар назар аст.

***

Баргузории чорабиниҳо ҷиҳати муайян намудани бренди сайёҳии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби назари сайёҳони кунунӣ ва имконпазир:

— баргузор намудани форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ  “Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон”

***

— баргузор намуданифестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ»

***

— баргузор намудани фестивали байналмилалии хӯрокҳо

***

 — баргузор намудани фестивали ҳунарҳои мардумии «Сад ранги Чакан»

***

Баргузор намудани намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳо барои сайёҳон дар чор фасли сол (Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада)

***

Муаррифии бренди миллӣ бо истифода аз воситаҳои маркетингӣ, аз ҷумла тарғибу ташвиқ (минбаъд PR) — тавассути реклама, маводи таблиғотии аудиовизуалӣ ва чопӣ, аз ҷумла дар шабакаҳои телевизионии ҷаҳонӣ

***

Баргузор намудани конфронсҳои минтақавии сайёҳӣ.

Дар соҳаи занон ва оила

 Амалишавии барномаи «Нури рушноӣ» барои хотима додан ба ҳама гуна шаклҳои хушунат нисбат ба занон ва духтарон, бархурдор гардидани занону духтарон аз ҳуқуқҳои худ ба зиндагии бехушунат равона гардида, дурнамои амалишавии он дар Тоҷикистон то моҳи декабри соли 2022 муайян шудааст.

***

 2 «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия мегардад.

Дар соҳаи алоқа

 Муҳлати сабти дубораи симкортҳо аз шиносномаҳои намунаи кӯҳна бо шиносномаҳои ID-и намунаи соли 2014 дар Тоҷикистон 15 феврали соли 2022 хатм мешавад.

Дар соҳаи маориф

Соли 2022 дар ҳудуди Тоҷикистон 5 мактаби русӣ ба истифода дода мешавад.

***

Роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишварҳои узви ИДМ, ки дар Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат меварзад.

***

Солҳои 2022-2025 дар баробари сохтмони муассисаҳои томактабӣ омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои нави педагогӣ: педагог-равоншинос, педагог-логопед, сурдопедагог, тифлопедагог ва  тайёр намудани мутахассисон барои марказҳои инкишофи кӯдак ва дигар шаклҳои имконпазир дар назди коллеҷҳои омӯзгорӣ дар назар аст.

***

Аз 1 январи соли 2022 Ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Барномаи рушди СММ (БРСММ) ва дастгирии молиявии Русия дар ҳаҷми 2 млн доллар лоиҳаи наверо дар самти «Такмилёбии имкониятҳои ҷавонон ба воситаи малакаҳои касбӣ ва пешбурди иннотвастия дар Тоҷикистон»  барои ҷавонон оғоз менамояд.  Лоиҳа барои 4 сол ба ҳисоб гирифта шуда, соли 2025 ба анҷом хоҳад расид.

Дар соҳаи тандурустӣ

Пандемияи уфунати коронавирус дар оғози соли 2022 анҷом хоҳад ёфт. Ин муҳлатро сардори Дафтари минтақавии Созмони умиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо Ҳанс Клюге номбар кард, хабар медиҳад «РИА Новости» бо истинод ба шабакаи телевизионии Дания DR.

***

 

Дар панҷ соли минбаъда муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯи ихтисосҳои тиб 13 770 нафар ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббиро 47 880 нафар хатм мекунанд.

Дар соҳаи фарҳанг

2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ва номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон доир ба 1050-солагии зодрӯзи олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардиданд.

Бояд гуфт, ки Тахти Сангин яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги тоисломии тоҷикон маҳсуб мешавад. Ёдгории Тахти Сангин дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон, дар нуқтаи ҳамроҳшавии обҳои Панҷу Вахш ҷой гирифтааст. Ин ёдгории нодир соли 2009 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд.

Тахти Сангин бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз нигораҳо, ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин  маълум аст. Соли 1877 аз ҷониби тоҷирон номгӯи нигораҳои нодир харидорӣ шудааст. Ин намунаҳои нодири ёдгориҳои халқи тоҷик дар Осорхонаи миллии Британия дар шаҳри Лондон нигоҳдорӣ мешаванд.

***

Соли 2022 дар ИДМ Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ

Дар соҳаи адабӣ

Дар нақшаи кории Раёсати Иттифоқи нависандагон барои соли 2022 баргузории чунин барномаҳои ҳадафноку муҳим пешбинӣ шудааст:

Баргузории машварати илмӣ-адабӣ дар мавзӯи “Мубориза бо ифротгароии динӣ ва тероризм дар осори публитсистӣ”

***

Ҷамъомади “Жанри ҳикоя ва инкишофи он дар насри муосир»

***

Маҳфилҳои “Ширу шакар” бо иштироки шоирону сарояндагон ба муносибати ҷашни  Наврӯзи Аҷам бо иштироки адибони ҳамзабон аз Ҳавзаи Наврӯз

***

Конференсияҳои илмию адабӣ бахшида ба эҷодиёти чанд нафар адибони муосир

***

Иштироки адибон дар Фестивали ҷумҳуриявии китоби кӯдакону наврасон

***

Машваратҳои омӯзишӣ бо навқаламон таҳти унвонҳои “Эҷоди мушкилот дар асари бачагона ва роҳи ҳалли он”; “Вазъи жанри моҷароӣ дар адабиёти муосир”; “Драматургия: дастовардҳо, мушкилҳо, дурнамо”

***

Мизи мудаввар дар мавзӯи“Дурнамои робитаҳои адабӣ”

***

Нишасти илмиву адабӣ бо унвони “Чашмандозе ба ашъори насли замони Истиқлол”

***

Нишасти адабӣ бо номи “Вазъияти тарҷумаи осори адибони тоҷик ба забонҳои хориҷӣ”

***

Конференсияи илмию адабӣ дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ва симои Пешвои миллат дар публитсистикаи бадеии муосир”

***

Базми шеъру суруд бахшида ба  25-солагии Ваҳдати миллӣ

***

Конференсияи илмию адабӣ  дар мавзӯи “Нақши адибон дар таҳкими давлатдории миллӣ” ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

***

Нашри силсилаи нави “Ҳафт ахтар” дар асоси ҳафт ахтари  таъйиннамудаи шоири номдори олмонӣ Иоҳан Ҳёте

***

Нашри адабиёти бадеӣ барои кӯдакон ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ.

Дар соҳаи ҷавонон

 5 январи соли 2022 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021 баргузор мегардад.

***

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи рушди фаъолияти волонтёрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» роҳандозӣ  мегардад.

Дар соҳаи варзиш

2022 – Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол.

***

Соли 2022 аз таъсиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 30 сол пурра мешавад.

***

4-20 феврали соли 2022 иштироки ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назар ҳаст.

***

27 июл то 8 август — Бозиҳои варзишии «Бачаҳои Осиё» дар Владивостоки Русия.

***

9-18 август — Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия.

***

10-25 сентябр — Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин.

***

20-28 декабр — Бозиҳои осиёии наврасон дар Шантоуи Чин.

***

Соли 2022 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ баргузор мегардад.

***

Мунтахаби олмпии Тоҷикистон (U-23) бори аввал дар таърих дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 иштирок мекунад.

***

Дар соли 2022 дастаи «Истиқлол» дар Лигаи чемпионҳои КФО ва «Хуҷанд» и КМВА дар Ҷоми КФО иштирок мекунад.

***

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 иштирок мекунад. Ҳарифони мунтахаби мо 24 феварли соли 2022 маълум мешаванд.

***

Мунтахаби   футзали Тоҷикистон  дар минтақаҳои муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1  то  15  апрели соли 2022 баргузор мешавад, бозӣ мекунад.

***

Моҳи марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ-2022 баргузор мегардад.

Дар соҳаи амният, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ

 Оғози барномаи нави Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барои Осиёи Марказӣ (2022-2025).

***

Бинои иловагии РВКД дар вилояти Суғд дар арафаи таҷлили 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

***

Лоиҳаҳои муштараки Кумита ва Барномаи рушди СММ дар доираи Барномаи рушди КҲФ ва МГ барои солҳои 2018-2022 ва Стратегияи миллии коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 амалӣ карда мешаванд.

Таҳияи
К. Насрулло, П. Назар¸ Б.Абӯбакр, Ш. Садриддин, С. Шоик,
Ф. Давлатзода, Р. Нусратулло, З. Латиф, Т.Саид (акс)

 

Декабрь 31, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент