«Somon Air» ва «Hans Biotech» оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ва пайвастнамоии хатсайрҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Декабрь 2, 2021 15:50

ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдомҳои рушди сайёҳӣ миёни ширкати ҳавопаймоии «Somon Air»  ва ширкати  «Hans Biotech»-и Корея Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ва пайвастнамоии хатсайрҳо ҷиҳати сафари мувофиқ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея ва шаҳрвандони Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Ба АМИТ «Ховар» аз ширктаи ҳавопаймоии «Сомон Эйр» итилоъ доданд, ки санади мазкурро аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» директори генералӣ Суҳроб Ҷӯраев ва аз ҷониби ширкати «Hans Biotech» муассиси он Бекхи Хан ба имзо расониданд.

Тибқи шартҳои Ёддошти ҳусни тафоҳум ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе ба таври мунтазам ва ҳамчунин дар заминаи дархостҳои алоҳида роҳандозӣ менамояд. Ширкати «Hans Biotech» уҳдадор аст парвозҳоро бо хатсайри Тошканд-Сеул-Тошканд тавассути хатсайрҳои мунтазам ва чартерии ширкати ҳавопаймоии “Asiana Airlines” ташкил намояд.

Интизор меравад, ки иҷрои парвозҳо дар масири пайвастшаванда баҳори соли 2022 шурӯъ шавад.

Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Суҳроб Ҷӯраев зикр намуд, ки  «ба шарофати тасмимҳои ҳукуматҳои ҳарду давлат муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея тақвият меёбанд. Мо аз имзои ин санад хушнудем, зеро он имкони густариши равобити дуҷонибаро тавассути хатсайрҳои васлшаванда фароҳам меорад. Инчунин дар заминаи созишномаҳои код-шерӣ ва интерлайнӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  имкон дорад шабакаи парвозҳои худро тавсеа дода, мусофирони бештареро фаро гирад».

 Аксҳо аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»

Декабрь 2, 2021 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд