Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии Тоҷикистон: Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 116 адад зиёд шудааст

Декабрь 8, 2021 12:27

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. То оғози моҳи январи соли равон дар мамлакат  шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 адад расонида шуд, ки нисбат ба се соли охир 116 адад зиёд мебошад. Ин нуктаро 30 ноябр Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зини ҳисоботи худ дар маҷлиси навбатии Ҳукумати ҶТ баён дошт.

Тибқи маълумоти омории вазорат, ба ҳолати 1 январи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ  9 млн  753 ҳазору 156 сар паранда парвариш карда шуда, 983 миилиону 100 ҳазор дона тухм ва 30,6 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки мутаносибан нисбат ба се соли пешин саршумори паранда — 1,8, истеҳсоли тухм-2,9 ва гӯшт-4,5 маротиба зиёд мебошад.  Ҳаҷми воридоти гӯшти паранда соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз 3 баробар коҳиш ёфтааст.

Ба зикри Сулаймон Зиёзода,  татбиқи самаранокии имтиёзҳои ба соҳаи парандапарварӣ пешниҳодшуда нишон дод, ки таъсиси корхонаҳо дар самти мазкур рӯ ба афзоиш ниҳад. Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд имтиёзҳои тарифию андозӣ пешниҳод гардидаанд. Дар асоси кодексҳои андоз, гумрук ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» барои соҳаи кишоварзӣ 14 имтиёзи фискалӣ пешбинӣ шудааст, ки ин зиёда аз 13 фоизи шумораи умумии имтиёзҳои давлатиро дар бар мегирад.

Дастгирии давлатӣ тавассути пешниҳоди имтиёзу сабукиҳои тарифию андозӣ нисбат ба воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ, молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво, татбиқи боҷи сифрӣ нисбат ба воридоти чорвои молию зотӣ, паранда, ҷалби сармоягузории бештар мусоидат намуда, дар ин замина истеҳсолоти рақобатпазиру содиротӣ афзоиш ёфта, сатҳи даромаднокии хоҷагиҳои кишоварзӣ баланд гардида истодааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президент ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2021 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд