Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии Тоҷикистон: Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 116 адад зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. То оғози моҳи январи соли равон дар мамлакат шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 181 адад расонида шуд, ки нисбат ба се соли охир 116 адад зиёд мебошад. Ин нуктаро 30 ноябр Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зини ҳисоботи худ дар маҷлиси навбатии Ҳукумати ҶТ баён дошт.
Тибқи маълумоти омории вазорат, ба ҳолати 1 январи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 9 млн 753 ҳазору 156 сар паранда парвариш карда шуда, 983 миилиону 100 ҳазор дона тухм ва 30,6 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки мутаносибан нисбат ба се соли пешин саршумори паранда — 1,8, истеҳсоли тухм-2,9 ва гӯшт-4,5 маротиба зиёд мебошад. Ҳаҷми воридоти гӯшти паранда соли 2020 нисбат ба соли 2017 зиёда аз 3 баробар коҳиш ёфтааст.
Ба зикри Сулаймон Зиёзода, татбиқи самаранокии имтиёзҳои ба соҳаи парандапарварӣ пешниҳодшуда нишон дод, ки таъсиси корхонаҳо дар самти мазкур рӯ ба афзоиш ниҳад. Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд имтиёзҳои тарифию андозӣ пешниҳод гардидаанд. Дар асоси кодексҳои андоз, гумрук ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» барои соҳаи кишоварзӣ 14 имтиёзи фискалӣ пешбинӣ шудааст, ки ин зиёда аз 13 фоизи шумораи умумии имтиёзҳои давлатиро дар бар мегирад.
Дастгирии давлатӣ тавассути пешниҳоди имтиёзу сабукиҳои тарифию андозӣ нисбат ба воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ, молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво, татбиқи боҷи сифрӣ нисбат ба воридоти чорвои молию зотӣ, паранда, ҷалби сармоягузории бештар мусоидат намуда, дар ин замина истеҳсолоти рақобатпазиру содиротӣ афзоиш ёфта, сатҳи даромаднокии хоҷагиҳои кишоварзӣ баланд гардида истодааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президент ҶТ/АМИТ «Ховар»








Хуршед Мирзо ташаббусҳои Тоҷикистонро дар самти зеҳни сунъӣ дар ҷаласаи вазирони СҲШ муаррифӣ намуд
Дар Тоҷикистон намояндагии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ифтитоҳ меёбад
Дар ноҳияи Рашт дар 1650 гектар замин картошка кишт карда мешавад
Дар Суғд Форуми байналмилалии «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ» баргузор мегардад
Деҳқонони хоҷагии «Ёрмуҳаммад»-и ноҳияи Кӯшониён бозори дохилиро бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин менамоянд
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 16 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ҳамоиш доир шуд
Дар доираи RES-2026 ҳамкории иқлимии кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёбад
Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Мински Беларус ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Дар АМИТ «Ховар» доир ба масъалаи муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон беш аз ҳазор гармхонаи доимамалкунанда фаъолият менамоянд
Дар ноҳияи Айнӣ майдони кишти картошка зиёд карда мешавад






