ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи амалии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аҳамияти он дар таҳкими пояҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеа, имрӯз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бо сокинон дар мавзӯи «Танзими маъракаҳо – омили зиндагии босаодат» вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ мушовири калони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Шараф Алланазаров сухан карда, ба иштирокдорон оид ба муваффақияти ба дастомада дар таҳкими вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии сокинони мамлакат пас аз қабули қонуни танзим иттилои васеъ дод.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки аҳамият ва муҳимияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба назар гирифта, имрӯзҳо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ин таҷрибаи нодир истифода намуда истодаанд.
Аъзои Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Маҳмадалӣ Абдулҳақов, сармутахассиси шуъбаи дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Умарҷон Сафаров ва мудири бахши занони шаҳри Левакант Нуқра Халилова занону бонувони шаҳри Левакантро ба роҳ надодан ба исрофкорӣ ва худдорӣ кардан аз ҳар гуна зиёдаравӣ ҳидоят карданд.
Дар фарҷом раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант Ҳикматулло Султонов иброз дошт, ки таҳкими истиқлолу озодӣ, амният ва субот дар Тоҷикистон натиҷаи хидматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарифи Тоҷикистон буда, ҳифзи ин дастовардҳо масъулияти ҳар яки мо мебошад.
АКСҲО: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон










«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






