ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид

Декабрь 8, 2021 13:23

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи амалии  қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аҳамияти он дар таҳкими пояҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеа, имрӯз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бо сокинон дар мавзӯи «Танзими маъракаҳо – омили зиндагии босаодат» вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ мушовири калони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Шараф Алланазаров сухан карда, ба иштирокдорон оид ба муваффақияти ба дастомада дар таҳкими вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии сокинони мамлакат пас аз қабули қонуни танзим иттилои васеъ дод.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки аҳамият ва муҳимияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба назар гирифта, имрӯзҳо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ин таҷрибаи нодир истифода намуда истодаанд.

Аъзои Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Маҳмадалӣ Абдулҳақов, сармутахассиси шуъбаи дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Умарҷон Сафаров ва мудири бахши занони шаҳри Левакант Нуқра Халилова занону бонувони шаҳри Левакантро ба роҳ надодан ба исрофкорӣ ва худдорӣ кардан аз ҳар гуна зиёдаравӣ ҳидоят карданд.

Дар фарҷом раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант Ҳикматулло Султонов иброз дошт, ки таҳкими истиқлолу озодӣ, амният ва субот дар Тоҷикистон натиҷаи хидматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарифи Тоҷикистон буда, ҳифзи ин дастовардҳо масъулияти ҳар яки мо мебошад.

АКСҲО: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Декабрь 8, 2021 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд