Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муҳокима карданд
ДУШАНБЕ, 18.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар Москва Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Андрей Храпов мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовар хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муҳокима намуданд.
Инчунин, дар ҷараёни ин вохӯрӣ мушкилоти амнияти минтақавӣ баррасӣ карда шуд.
Ҷонибҳо лоиҳаи Созишномаи байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат ба Агентӣ дар соҳаи муқовимат ба муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо барои солҳои 2022 – 2024, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад, муҳокима карданд.
Дар ин робита, Андрей Храпов омодагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русияро барои баимзорасонии созишномаи мазкур изҳор дошт.
Ёдовар мешавем, ки Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода 16 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар ҷаласаи кории гурӯҳи машваратии «Паймони Париж» ва ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя иштирок ва суханронӣ намуд.
АКСҲО: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ









ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






