ТОЛИБОН ОТАШ КУШОДАНД. Дар сарҳади Афғонистону Эрон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад
ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати радикалии «Толибон»*, ки дар Афғонистон ҳокимиятро ба даст овардааст, хотима ёфтани задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Афғонистону Эронро, ки дирӯз, 1 декабр миёни толибон ва марзбонони Эрон ба амал омад, тасдиқ мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии Афғонистон Tolo News бо истинод ба муовини дуюми вазири иттилоот ва фарҳанг дар кобинаи муваққатии кишвар Билол Каримӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, задухӯрдҳои шадид дар нимаи дуюми рӯз дар музофоти Канг, дар ғарби вилояти Нимрӯзи Афғонистон ба вуқӯъ пайвастанд. Дар баробари ин намояндаи радикалҳо сабабҳои муноқишаро мушаххас накардааст.
Қаблан расонаҳои Афғонистон иттилоъ дода буданд, ки даргирии мусаллаҳона дар марз тақрибан соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 18:00 ба вақти Душанбе) оғоз шудаанд. Дар натиҷаи задухӯрдҳо бо истифода аз қӯшунҳои артиллерии толибон, ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, чанд гузаргоҳи эронӣ, бахусус “Дхерис”, “Дӯст Муҳаммад” ва “Балаи Сиёҳчашмон” таҳти назорат қарор гирифтаанд.
Дар навбати худ, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Эрон Саид Хатибзода хабар дод, ки дар натиҷаи тамоси ду ҷониб даргириҳои марзӣ қатъ шудаанд. Ба гуфтаи тарафи Эрон, толибон ба сӯи деҳқонони Эрон оташ кушодаанд ва иштибоҳан гумон кардаанд, ки онҳо хатти сарҳадро убур кардаанд. Теҳрон ҳамчунин иттилоъ дар бораи тасарруфи гузаргоҳҳои Эрон аз ҷониби радикалҳоро рад кард.
Як низомии Узбекистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ дар марзи Узбекистону Афғонистон кушта шуд. Дар ин бора Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев зимни мулоқот бо интихобкунандагони вилояти Намангон ибрози назар кард.
«Дирӯз як сарбоз зимни иҷрои вазифаи худ қаҳрамонона ҷон фидо кард. Ӯ писари Намангон буд», — гуфт сарвари давлат. Ба гуфтаи Президент, як марзбони узбек дар задухӯрд бо қочоқбарони маводи мухаддир ба ҳалокат расидааст. «Вазъият дар Афғонистон бояд барои ҳама дарси ибрат бошад»- гуфт ӯ.
То ин муддат, тобистон, аниқтараш 8 июли соли равон тирпарронӣ дар сарҳадди Афғонистону Туркманистон сурат гирифтааст. Дар шаҳри Серҳетобод дар ҷануби Туркманистон садои тирпарронӣ баланд шуд, ки ин садоҳо аз деҳаи Тургундии Афғонистон шунида шудаанд, менависад Turkmen.news бо такя ба манбаъҳои боз.
Сокинони маҳаллӣ диданд, ки чи тавр аз Серхетобод 8 мошини боркаш бо сарбозон ва инчунин мототсиклронҳо мегузаранд.
Манбаи дигари нашрия гуфтааст, ки дар яке аз отрядҳои марзбонӣ дар ҷануби вилояти Марӣ низомиён ба тахлияи хонаводаҳои худ аз марз бо Афғонистон шурӯъ кардаанд. «Онҳо зану фарзандони худро ба хонаи хешовандонашон мефиристанд, ҳоло ин хатарнок аст»- гуфт ӯ.
_______________________
* «Толибон» ҳаракати радикалие, ки дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар чун гурӯҳи террористӣ мамнӯъ эълон шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






