ТОЛИБОН ОТАШ КУШОДАНД. Дар сарҳади Афғонистону Эрон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад

Декабрь 2, 2021 12:23

ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати радикалии «Толибон»*, ки дар Афғонистон ҳокимиятро ба даст овардааст,  хотима ёфтани задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Афғонистону Эронро, ки дирӯз, 1 декабр миёни толибон ва марзбонони Эрон ба амал омад, тасдиқ мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии Афғонистон Tolo News бо истинод ба муовини дуюми вазири иттилоот ва фарҳанг дар кобинаи муваққатии кишвар Билол Каримӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, задухӯрдҳои шадид дар нимаи дуюми рӯз дар музофоти Канг, дар ғарби вилояти Нимрӯзи Афғонистон ба вуқӯъ пайвастанд. Дар баробари ин намояндаи радикалҳо сабабҳои муноқишаро мушаххас накардааст.

Қаблан расонаҳои Афғонистон иттилоъ дода буданд, ки даргирии мусаллаҳона дар марз тақрибан соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 18:00 ба вақти Душанбе) оғоз шудаанд. Дар натиҷаи задухӯрдҳо бо истифода аз қӯшунҳои артиллерии толибон, ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, чанд гузаргоҳи эронӣ, бахусус “Дхерис”, “Дӯст Муҳаммад” ва “Балаи Сиёҳчашмон” таҳти назорат қарор гирифтаанд.

Дар навбати худ, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Эрон Саид Хатибзода хабар дод, ки дар натиҷаи тамоси ду ҷониб даргириҳои марзӣ қатъ шудаанд. Ба гуфтаи тарафи Эрон, толибон ба сӯи деҳқонони Эрон оташ кушодаанд ва иштибоҳан гумон кардаанд, ки онҳо хатти сарҳадро убур кардаанд. Теҳрон ҳамчунин иттилоъ дар бораи тасарруфи гузаргоҳҳои Эрон аз ҷониби радикалҳоро рад кард.

Як низомии Узбекистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ дар марзи Узбекистону Афғонистон кушта шуд. Дар ин бора  Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев зимни мулоқот бо интихобкунандагони вилояти Намангон ибрози назар  кард.

«Дирӯз як сарбоз зимни иҷрои вазифаи худ қаҳрамонона ҷон фидо кард. Ӯ писари Намангон буд», — гуфт сарвари давлат. Ба гуфтаи Президент, як марзбони узбек дар задухӯрд бо қочоқбарони маводи мухаддир ба ҳалокат расидааст. «Вазъият дар Афғонистон бояд барои ҳама дарси ибрат бошад»- гуфт ӯ.

То ин муддат, тобистон, аниқтараш 8 июли соли равон тирпарронӣ дар сарҳадди Афғонистону Туркманистон сурат гирифтааст. Дар шаҳри Серҳетобод дар ҷануби Туркманистон садои тирпарронӣ баланд шуд, ки ин садоҳо аз деҳаи Тургундии Афғонистон шунида шудаанд, менависад Turkmen.news бо такя ба манбаъҳои боз.

Сокинони маҳаллӣ диданд, ки чи тавр аз Серхетобод 8 мошини боркаш бо сарбозон ва инчунин мототсиклронҳо мегузаранд.

Манбаи дигари нашрия гуфтааст, ки дар яке аз отрядҳои марзбонӣ дар ҷануби вилояти Марӣ низомиён ба тахлияи хонаводаҳои худ аз марз бо Афғонистон шурӯъ кардаанд. «Онҳо зану фарзандони худро ба хонаи хешовандонашон мефиристанд, ҳоло ин хатарнок аст»- гуфт ӯ.

_______________________

* «Толибон» ҳаракати радикалие, ки дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар чун гурӯҳи террористӣ мамнӯъ эълон шудааст.

 АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 2, 2021 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд