Қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал 6 январ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 19.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, ки аз рӯи натиҷаҳои он рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон маълум хоҳанд шуд, 6 январи соли 2022 дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар минтақаҳои муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 15 апрели соли 2022 баргузор мешавад, бозӣ мекунад. Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи интихобӣ дар минтақаҳои муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабади дуюм дар баробари дастаи мунтахаби Қирғизистон ҷой гирифт. Бар асоси натиҷаи марҳилаи интихобӣ аз минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ ба финали Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25 сентябр то 20 октябри соли 2022 дар Кувайт баргузор мешавад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал
Минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ
Сабади 1: Эрон, Узбекистон.
Сабади 2: Қирғизистон, Тоҷикистон.
Сабади 3: Туркманистон, Афғонистон.
Сабади 4: Непал, Молдив.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






