ВАО: толибон ба сӯи занони эътирозгар дар Кобул оташ кушоданд

Декабрь 29, 2021 12:09

ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷангҷӯёни «Толибон»*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардаанд, рӯзи сешанбе ба сӯи заноне, ки дар Кобул намоиши эътирозӣ ташкил карда буданд, оташ кушоданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора хабаргузории афғонии Asvaka  хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳодиса дар минтақае, ки бемористони созмони башардӯстонаи итолиёвии Emerency ҷойгир аст, рух додааст. Дар бораи талафот ва захмиён хабар дода нашудааст.

Қаблан шабакаи телевизионии TOLOnews хабар дода буд, ки гурӯҳе аз занон дар пойтахти Афғонистон тазоҳуроти эътирозӣ доир намуда, талаби эҳтироми ҳуқуқҳои онҳо ва беҳбуди шароити зиндагӣ кардаанд. «Мо- овози мардуми гурусна ҳастем»,-иқтибос меорад шабака аз шиорҳои занони норозӣ. «Занҳо бедор шудаанд, мо аз табъиз нафрат дорем». Тавре ки аз наворҳои паҳншуда дида мешавад, дар намоиш даҳҳо нафар иштирок доранд.

Ҳаракати “Толибон”* баъди эълони қарори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи аз ин давлат баровардани қувваҳои мусаллаҳи худ барои барқарор намудани назорат дар тамоми қаламрави  Афғонистон амалиёти густурдае оғоз намуд. 15 август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии худро эълон карданд, ки то ҳол қонунӣ будани онро ягон кишвар эътироф накардааст.

______________________

* Толибон — ҳаракати террористие, ки дар Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст

                                                               АКС аз манбаъҳои озод

Декабрь 29, 2021 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид