ВАО: толибон ба сӯи занони эътирозгар дар Кобул оташ кушоданд
ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷангҷӯёни «Толибон»*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардаанд, рӯзи сешанбе ба сӯи заноне, ки дар Кобул намоиши эътирозӣ ташкил карда буданд, оташ кушоданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора хабаргузории афғонии Asvaka хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳодиса дар минтақае, ки бемористони созмони башардӯстонаи итолиёвии Emerency ҷойгир аст, рух додааст. Дар бораи талафот ва захмиён хабар дода нашудааст.
Қаблан шабакаи телевизионии TOLOnews хабар дода буд, ки гурӯҳе аз занон дар пойтахти Афғонистон тазоҳуроти эътирозӣ доир намуда, талаби эҳтироми ҳуқуқҳои онҳо ва беҳбуди шароити зиндагӣ кардаанд. «Мо- овози мардуми гурусна ҳастем»,-иқтибос меорад шабака аз шиорҳои занони норозӣ. «Занҳо бедор шудаанд, мо аз табъиз нафрат дорем». Тавре ки аз наворҳои паҳншуда дида мешавад, дар намоиш даҳҳо нафар иштирок доранд.
Ҳаракати “Толибон”* баъди эълони қарори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи аз ин давлат баровардани қувваҳои мусаллаҳи худ барои барқарор намудани назорат дар тамоми қаламрави Афғонистон амалиёти густурдае оғоз намуд. 15 август толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии худро эълон карданд, ки то ҳол қонунӣ будани онро ягон кишвар эътироф накардааст.
______________________
* Толибон — ҳаракати террористие, ки дар Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст
АКС аз манбаъҳои озод








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






