Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамоиши дуюми Авруосиё иштирок намуд

Декабрь 3, 2021 10:32

ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҳамоиши дуюми Авруосиё баргузор гардид, ки дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд, иттилоъ доданд аз Вазорати кишоварзиии мамлакат ба АМИТ «Ховар».

Ҳамоиши дуюми Авруосиё бо ташаббуси Бонки авруосиёи рушд доир гардида, дар он  Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Арманистон, муовинони вазири кишоварзии ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва Федератсияи Русия, муовини директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ва коршиносони бахши хусусӣ иштирок карда, сухан гуфтанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш тарафҳо масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, механизми ягонаи транзитии молу хизматрасонӣ дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбекистон, фаъолияти системаи нақлиётию логистикии маҳсулоти озуқаворӣ, дурнамои таъсис ва нақши шабакаи ягонаи муосири таҳвили маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ намуданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ҷонибдории хешро доир ба масъалаҳои рӯзнома иброз намуда, оид ба таъсиси ҳавзаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, содиркунандагон, воридкунандагон, харидорон ва ширкатҳои логистикӣ, афзоиши ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот миёни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва дар сатҳи боз ҳам баланд ба роҳ мондани ҳамкорӣ пешниҳодҳо ироа намуд.

АКСҲО: Вазорати кишоварзии ҶТ

Декабрь 3, 2021 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид