Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамоиши дуюми Авруосиё иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҳамоиши дуюми Авруосиё баргузор гардид, ки дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд, иттилоъ доданд аз Вазорати кишоварзиии мамлакат ба АМИТ «Ховар».
Ҳамоиши дуюми Авруосиё бо ташаббуси Бонки авруосиёи рушд доир гардида, дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Арманистон, муовинони вазири кишоварзии ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон ва Федератсияи Русия, муовини директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ва коршиносони бахши хусусӣ иштирок карда, сухан гуфтанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш тарафҳо масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, механизми ягонаи транзитии молу хизматрасонӣ дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбекистон, фаъолияти системаи нақлиётию логистикии маҳсулоти озуқаворӣ, дурнамои таъсис ва нақши шабакаи ягонаи муосири таҳвили маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ намуданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ҷонибдории хешро доир ба масъалаҳои рӯзнома иброз намуда, оид ба таъсиси ҳавзаи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, содиркунандагон, воридкунандагон, харидорон ва ширкатҳои логистикӣ, афзоиши ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот миёни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва дар сатҳи боз ҳам баланд ба роҳ мондани ҳамкорӣ пешниҳодҳо ироа намуд.
АКСҲО: Вазорати кишоварзии ҶТ








Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Амрико мунтазам афзоиш меёбад
Пули ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтарин пулҳои ҷаҳон дохил шуд
«Амонатбонк» бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкории молиявии дуҷонибаро густариш медиҳад
11 май Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ расман ифтитоҳ мегардад
Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Словения густариш меёбанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Словения дар соҳаи иқтисод густариш меёбад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар самти ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод баррасӣ шуд
Дар хоҷагиҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 7 ҳазор килограмм пиллаи хушсифат истеҳсол карда мешавад
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026» иштирок намуданд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи 59-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии рушд иштирок намуд






