АҚЛИ РАСО ВА ДИДАИ БИНО. Омилҳое, ки барои дарки мазмуну моҳияти Паёми Пешвои миллат ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат заруранд

Декабрь 31, 2021 09:01

ДУШАНБЕ, 31.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 21 декабри соли равон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Дар ин бора мулоҳизаҳои муовини сармуҳаррири рӯзномаи  «Садои мардум» Далер АБДУЛЛОро  пешкаши хонандагон мегардонем.

Бо назардошти масъалагузорӣ ва муҳтавои паёмҳои қаблӣ метавон муътақид будан, ки ягон соҳа аз мадди назари Пешвои миллат дур намемонад ва чун анъана дар ин раванд таҳлили мӯшикофона меҳвар хоҳад буд.

Далели бебаҳс аст ва коршиносон низ эътироф кардаанд, ки сол то сол мақому манзалат ва саҳми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон» дар пешрафти кишварамон тамоюли фузуншавиро касб карда, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа ироаи онро интизор мешаванд.

Бамаврид аст ёдовар шавем, ки бори нахуст 27-уми апрели соли 2000 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёмашонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карда буданд.

Шоҳиди ҳол будем, ки Паёми навбатӣ низ аз масъалаҳои мубрам, таҳлили амиқ ва пешниҳодоти созанда бар нафъи миллату Меҳан таркиб ёфта, мутмаинам, ки тањрикбахши рушди беш аз пеши мамлакат хоҳад гардид.

Хурсандиовар аст, ки шаҳрвандон   ба он ҳамовозӣ намуда, муҳимияти ин ҳуҷҷати муҳим дар заминаи далелу рақамҳои асоснок бозгӯйӣ шуда истодааст.

Мутаассифона нотавонбиноне низ ҳастанд, ки аз дастовард, пешравӣ ва комёбиҳои миллат нигарону нороҳат шуда,  талош  доранд, ки айбҷӯйӣ ва кинаварзӣ намоянд.

Ин қабил ба ном коршиносон ҷаҳд доранд , ки  иқдомоти аз ҷониби Ҳукумат амалигардидаро   зери суол баранд.  Ба назар чунин мерасад, ки ин олусҳо вазъи имрӯзаи ҷаҳонро намебинанду намедонанд.  Ҳаводиси ҷаҳони муосирро намебинанд, ки бархӯрди манфиатҳо чӣ чеҳраҳоро ба маъраз гузошт.

Боиси нигаронист, ки   чунин  “коршиносон”  обсофкунакҳои худро низ доранд, ки барои “васф” ва паҳн намудани варсоқиҳои   ин тоифа аз воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ  суиистифода менамоянд.

Ба ашхосе, ки аз Паёми Президенти кишвар баҳрае набурдаанд, таъкид мекунам, ки барои дарк намудани мазмуну моҳияти он ақли расо ва  дидаи бино лозим аст…

Агар ашхоси мавриди назар  онҳоро доро мебуданд  дарк мекарданд, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расидааст.

Ангушти ҳайрат мегазиданд, ки  дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш ёфт.

Шояд хушнуд мегардиданд, ки бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид.

Ба хотирашон меомад, ки бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он — деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Дар солҳои бисёр вазнини 1992-1998, Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд.

Илова бар ин, дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила, барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо  шуд. Ҳол он ки дар 70 соли то замони истиқлолият барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

Огоҳ мешуданд, ки барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта шудаааст.

Шояд назарашон мусбат  мешуд, агар медонистанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид.

Дар тааҷҷуб  мемонданд,  ки тули бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим, ҷалб  шудааст.

Ба фардои дурахшони кишвар дилпур мешуданд, ки дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳайраташон аз он меафзуд, ки дар давраи мавриди назар  2723 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 1546 иншоот ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат, мавриди истифода қарор гирифтааст.

Сафсатагӯиро қатъ мекарданд агар медонистанд, ки дар замони истиқлолият аз ҷониби давлату Ҳукумат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод  шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3-5 рӯз кам гардидааст.

Ба Ҳукумат таҳсин мегуфтанд агар медонистанд, ки дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад.

“Аз зери нохун чирк кофтан”-ро қатъ мекарданд, агар мефаҳмиданд, ки дар солҳои истиқлолият дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар фузун шудааст.

Аз тоҷику тоҷикистонӣ буданашон ифтихор мекарданд агар пай мебурданд, ки соли гузашта  дарозумрии аҳолӣ ба 75,1 сол баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 5 сол зиёд мебошад.

Шояд одамияташон зуҳур мекард, агар маълум мегардид, ки нишондиҳандаҳои фавти умумӣ 40 фоиз, фавти модарон ҳангоми таваллуд 73 фоиз ва фавти кӯдакони то 5-сола 85 фоиз паст гардид.

Яқин  бечоранолиро катъ мекарданд,  агар мефаҳмиданд, ки  сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст.

Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки таклифу пешниҳод ва эродҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмаҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардиданд, ки аз ҷониби сохторҳои зидахл ибтикороти зарурӣ амалӣ гардида, дар ин замина мушкилоти мавҷуда бартараф шуда, кишвар беш аз пеш рушд намояд.  Ҳазорҳо далел мавҷуданд, ки маҳз дар заминаи иҷрои талаботи ин ҳуҷҷати муҳим нишондиҳандаи иқтисодиву иҷтимоӣ беҳтар гардида, рушди тамоми соҳаҳо муттасил аст.

Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири
рӯзномаи  «Садои мардум»

Декабрь 31, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент