18 январ астероиди хатарноки диаметраш беш аз 1 километр аз назди Замин парвоз мекунад
ДУШАНБЕ, 16.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Астероиди 7482 (1994 PC1), ки диаметраш тақрибан 1,1 км аст, 18 январ аз назди Замин парвоз мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти дар Твиттер нашркардаи Идораи миллии аэронавтика ва омӯзиши кайҳон (NASA) хабар медиҳад.
Масофаи қарибтарине, ки астероид ба Замин наздик мешавад, тақрибан 2 миллион километр буда, бо суръати беш аз 70 ҳазор км/соат парвоз хоҳад кард. Бо вуҷуди он ки астероид дар наздикшавии ниҳоят баланди худ дар масофаи чанд маротиба бештар аз масофаи Замин то Моҳ қарор хоҳад дошт ва хатари воқеии бархӯрд вуҷуд надорад, коршиносони NASA чунин объектҳои кайҳониро “эҳтимол хатарнок» меҳисобанд.
Астероиди 7482 (1994 PC1) аз ҷониби мунаҷҷими шотландӣ Роберт Макнаут соли 1994 кашф шудааст.
АКС: depositphotos.com








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






