30 январ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 20.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 январ дар Боғи фарҳангӣ— фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ҷашнгоҳ ҳамчунин афрӯхтани гулханҳо, ташкили гӯшаи тавсияи олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, намоиши ҳама гуна олоти кории кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва қаламчаҳои хоҷагиҳои ниҳолпарвару тухмипарвар, намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ, тухмиҳои зироати кишоварзӣ ва дигар маҳсулоте, ки ҷашни Садаро ифода мекунанд, дар назар дошта шудааст.
Тавре сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Туйчизода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа низ дар назар дошта шудааст.
«Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ, аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чилаи зимистон чун рамзи гузаштани сардиҳо одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ- Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад», -афзуд Лоиқ Туйчизода
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд унсурҳои фарҳанги миллии халқи тоҷик ба Феҳристи умумиҷаҳонии репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Инчунин номинаи ҷашни «Сада» низ ба феҳристи мазкур пешниҳод гардида, барои шомил намудан ба ин феҳрист мавриди корбарӣ қарор дорад.
Шоири классики мо Манучеҳрӣ ҷашни Садаро талояи Наврӯзи навбаҳор унвон мекунад. Вожаи талоя дар луғат ба маънии аввалин нишонае, ки аз ҳар чизе намоён ва ҷилвагар мешавад, тавзеҳ ёфтааст. Аз ин ҷост, ки Манучеҳрӣ Садаро нишоне аз ҳузури Наврӯз унвон карда, ба мардум аз омадани ин ҷашни хуҷаста паём мерасонад:
Инак, биомадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,
Ҷашни Сада-талояи Наврӯзи навбаҳор
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» чунин нигоштаанд: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохтанд, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбат ба ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».
Тавре донишманди эронӣ Ризо Муродии Ғиёсободӣ навиштааст: «Ҷашни Сада ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст».
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз бойгонӣ








Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид






