6 январ маросими қуръакашии Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал доир мешавад
ДУШАНБЕ, 01.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 январи соли 2022 дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур маросими қуръакашии Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, ки аз рӯи натиҷаҳои он рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон маълум хоҳанд шуд, баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар минтақаҳои муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 15 апрели соли 2022 баргузор мешавад, бозӣ мекунад. Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи интихобӣ дар минтақаҳои муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил карда мешавад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабади дуюм дар баробари дастаи мунтахаби Қирғизистон ҷой гирифтааст. Бар асоси натиҷаи марҳилаи интихобӣ аз минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ ба финали Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25 сентябр то 20 октябри соли 2022 дар Кувайт баргузор мешавад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал
Минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ
Сабади 1: Эрон, Узбекистон.
Сабади 2: Қирғизистон, Тоҷикистон.
Сабади 3: Туркманистон, Афғонистон.
Сабади 4: Непал, Молдив.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






