Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд

Январь 10, 2022 13:45

ДУШАНБЕ, 10.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Кори иҷлосия таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Никол Пашинян сурат гирифт.

Тавре таъкид гардид, 10 январ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба хотири гиромидошти қурбониёни бетартибиҳои оммавӣ рӯзи умумимиллии мотам эълон гардид ва иштирокчиён кори иҷлосияро бо дақиқаи хомӯшӣ оғоз карданд.

Дар кори иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Акилбек Жапаров ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок намуданд.

Иштирокчиёни иҷлосия масъала “Дар бораи вазъ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва тадбирҳои муътадилсозии он”-ро муҳокима карданд.

Аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъӣ оид ба вазъ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои аъзои СААД мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор карда, аз ҳолати мураккаби имрӯза дар Қазоқистон изҳори нигаронӣ намуданд.

Дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суханронӣ карда, дар бораи вазъ дар Қазоқистон ва чораҳои ба эътидол овардани он маълумоти муфассал дод.

Дабири кулли СААД Станислав Зас дар бораи иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар самти расонидани кумак ба Ҷумҳурии Қазоқистон гузориш дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз иқдомоти раҳбарияти Қазоқистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ ва барқарор намудани тартибот дар ҷумҳурӣ ҷонибдорӣ мекунад.

Сарвари давлат таваҷҷуҳи аъзои Шӯроро ба мавҷудияти ячейкаҳои хуфтаи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва радикализм дар кишварҳои узви СААД, инчунин  талошҳои ҷалбу таблиғоти онҳо дар байни шаҳрвандон ҷалб намуданд. Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳкими фаъолияти муштараки ҳамаҷонибаи мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД дар муқобила бо ин чолишҳо ва таҳдидҳо шуданд.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин оид ба як қатор ташаббусҳо, аз ҷумла зарурати таҳияи низоми ҳифзи фазои иттилоотӣ изҳори назар намуданд.

Сарони давлатҳои аъзои СААД аҳамияти барқарор кардани амният ва субот дар Қазоқистонро таъкид карданд.

Дар ҷараёни кори иҷлосия иштирокчиён оид ба таъмини амният дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва пешгирии таъсири он ба амнияти кишварҳои аъзо як қатор таклифу пешниҳодҳоро ба миён гузоштанд.

Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ 10.01.2022

Январь 10, 2022 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд